arzon replenishment
Президент ба кӯдаки 10 миллионум хонаи сеҳуҷрагӣ туҳфа кард!
1173

 

Афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон бо суръати баланд идома дорад. Писарчае, ки рузӣ 23 -юми июл, соати 12:00 дар таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе ба дунё омад, шумораи сокинони кишварро ба 10 миллион нафар расонд.

Ба сокини 10 миллионуми Тоҷикистон, ки рӯзи 23-июл чашм ба олами ҳастӣ кушод, Фирдавс ном гузоштанд. Вазни навзод 3 кг 250 грамм ва қадаш 50 см мебошад. Ҳолати тифли навзод ҳангоми таваллуд аз ҷониби мутахассисон аз рўи ҷадвали Апгар 7/8 хол баҳо дода шудааст.

Bолидони ин кӯдаки хушбахт Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе умр ба сар мебаранд. Фаридун Баротов мисли дигар ҷавонмардони тоҷик ризқу рӯзии аҳли хонаводаашро аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба даст меорад, модари тифли 10 миллионум Махфират Шокирова хонашин будааст. Фирдавс нахустин фарзанди ин оилаи ҷавон мебошад.

Барои муборакбод гуфтани қудуми тифли 10 миллионуми тоҷик муовини cарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва муовини pаиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ба таваллудхона омада, ҳамроҳи модари ин кӯдаки хушпою қадам сӯҳбат оростанд ва аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба оилаи сокини 10-миллионуми Тоҷикистон калиди хонаи сеҳуҷрагиро тақдим намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД