Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён маоши якмоҳаашро ба маъракаи миллии сохтмони мактабҳо бахшидааст.
Тавре Ризо Хонмуҳаммадӣ, раиси Созмони миллии таъмир ва таҷҳизонидани мактабҳои Эрон гуфтааст, интиқол ҳамагӣ пас аз 48 соати ваъдаи оммавии президент дар бораи гузаронидани маоши якмоҳааш ба суратҳисоби сохтмони мактабҳо, субҳи 1-уми ноябр сурат гирифтааст.
Маъракаи оммавии "Мактаб бисоз!” тирамоҳи соли ҷорӣ оғоз ёфта, ҳадафи он ҷалби шаҳрвандон ба сохтмону тармими муассисаҳои таълимӣ бо роҳи дастгирии молиявӣ ва шаклҳои дигар мебошад.