Президенти Тоҷикистон - сазовори Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Толстой
94

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой супурда шуд.

Сарвари давлати тоҷикон ҳамроҳи роҳбарони ду кишвари ҳамсоя - Қирғизистон ва Ӯзбекистон "барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳ ва амният дар минтақа моҳи сентяри соли 2025" ва ҳалли масоили марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ба ин ҷоиза сазовор гардиданд. Ҷоизаро Валерий Гергиев, роҳбари ҳайати ҳакамони ҷоиза ба соҳибонаш супорид.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ изҳор доштанд, ки ин ҷоиза натиҷаи талошҳо барои таъмини сулҳ ва амният дар минтақа мебошад. Дар идомаи суханронии хеш Сарвари давлат аз “ҷанги сард”, мусаллаҳшавӣ ва заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки дар ин шароит моро лозим аст, ки дар ҳамдастӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талошҳоро барои расидан ба ҳадафҳои созанда - дастгирии сулҳу субот ва таъмини амнияти ҳамаҷониба тақвият диҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД