35 years of independency
Профессор Ҳабибулло Ибодов аз олам даргузашт
25.09.2026
Oila.tj
177

Яке аз чеҳраҳои намоёни олами илми тиби тоҷик, профессор Ҳабибулло Ибдов аз олам даргузашт. Дар ин бора имрӯз аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба Oila.tj хабар доданд.

Ҳабибулло Ибодов 1-уми январи соли 1949 дар Балҷувон ба дунё омада, соли 1978 Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм намуда буд ва умри пурбаракаташро сарфи пажӯҳишҳои арзишманд дар соҳаи тиб ва ташхису табобати бемориҳои гуногун кард.

Соли 2004 доктори илмҳои тиб ва соли 2008 сазовори унвони баланди профессор гаштааст.

Мавсуф фаъолияти хешро ҳамчун ҷарроҳи кӯдакона оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои мудири шуъбаи ҷарроҳӣ, муовини сардухтур оид ба корҳои муолиҷавии Беморхонаи ноҳияи Восеъ, ассистенти кафедраи ҷарроҳии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тиби Тоҷикистон, директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ фаъолият намудааст.

Ҳабибулло Ибодов муассис ва бунёдгузори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон буда, барои рушди соҳаи тандурустӣ дар кишварамон хизматҳои арзанда намудааст. Муаллифи зиёда аз 150 асар ва 10 ихтироъ мебошад. Таҳти роҳбарии Ҳабибулло Ибодов 7 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи доктори илмро дифоъ намудаанд. Муаллифи асарҳои илмии зерин мебошад: “Бемориҳои ҷарроҳӣ ва парастории беморон” (2007), “Сестринский диагноз и сестринская неотложная помощь” (2007), “Анатомияи одам” (2009), “Амалияи ҳамширагӣ дар ҷарроҳия” (2011), “Основы анестезиологии и реаниматологии” (2011), “Дастур оид ба ёрии паллиативӣ” (2012).

Даргузашти Ҳабибулло Ибодов барои илми тиби тоҷик як талафоти бузург аст.

Ба аҳли оилаи марҳум дар таҳаммули ин мусибат сабри ҷамил хоҳонем. Рӯҳашон шод ва манзили охираташон обод бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД