goodwell
Прокуратураи шаҳри Душанбе нисбати мураббӣ санҷиш оғоз кардааст
12.05.2026
Oila.tj
103

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр нашр гардид, ки дар он эҳтимолан муносибати номатлуб нисбат ба кӯдаки хурдсол аз ҷониби мураббӣ инъикос ёфтааст.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи санҷиш муайян карда шудааст, ки ҳодисаи мазкур санаи 7-уми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таълимии томактабии №12-и ноҳияи И. Сомонӣ рух додааст.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе нисбати мураббӣ ва дигар шахсони масъули муассисаи мазкур санҷиш оғоз гардидааст.

- Пас аз анҷоми санҷиш ба кирдорҳои шахсони дар навор инъикосёфта, инчунин ба амал ё беамалии роҳбарияти муассисаи мазкур баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори мурофиавӣ қабул карда мешавад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД