sebiston july new
Пул дар хоб чӣ таъбир дорад?
4252


Салом. Дишаб хоб дидам, ки хоҳарам базӯр як 20-сомонаи маро кашида гирифтааст. Ҳарчанд ба ӯ гуфтам, ки пуламро баргардон, надод.

Барои пул байнамон баҳсу мунозираи зиёде шуд. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам. Ман зани ҳомила ҳастам ва метарсам, ки ба сарам ягон бадбахтӣ наояд.
Мадина, муштарии Оила. ТҶ

Посух
Аслан пул дар хоб фоли нек буда, нишонаи боигарӣ, ҳаёти серу пур ва зиндагии ободу осудаи шахси хобдида мебошад. Дар хобатон касе ба шумо пул диҳад, хуб аст, вале баръакс пулатонро бидузданд ё зӯран аз дастатон кашида гиранд, бояд эҳтиёткор бошед, зеро чунин хоб як навъ ҳушдор аст, ки ба шумо зарари молиявӣ расонида метавонанд. Хоб бинед, ки ба одамони камбағал хайр карда, пул дода истодаед, файзу баракати зиндагиатон афзун гашта, бою бадавлат мешавед ё аз ҷое, ки аслан интизор нестед, даромади калони пулӣ ба даст меоред. Пулҳои даридагӣ ва ифлос дар хоб нишонаи муфлис шудан мебошад. Хоҳар ё бародари худро хоб дидан нишонаи нек аст, вале хоб бинед,ки хоҳари ҳамхунатон пулҳои шуморо дуздидааст ё зӯран аз дастатон кашида гирифта, дубора онро баргардондан намехоҳад, дар ҳаётатон баъзе мушкилиҳо ба вуҷуд омада, боварии худро ҳатто ба одамони наздикатон аз даст медиҳед. Ҷанҷол кардан бо хоҳари худ дар хоб нишонаи барбод рафтани нақшаҳо ва амалӣ нагаштани ягон орзуи шахси хобдида мебошад.
Хоб бинед, ки худатон даст ба дуздӣ зада, пули касеро пинҳонӣ ёошкоро зӯраш кашида гирифтаед, дар зиндагӣ ягон қарори саросемавор қабул карда, баъд аз кори кардаатон пушаймон мешавед. Хоб бинед, ки хоҳаратон бо шумо қаҳрӣ шудааст, байни шумо ва шахсони наздикатон дилсардӣ ба миён меояд ва ба ғайр аз худатон дигар ба касе такя карда наметавонед.
Дар маҷмӯъ аз даст додани пул дар хоб ба сар задани мушкилоти иқтисодӣ дар ҳаёти шахси хобдида ишорат мекунад, вале дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки агар зан дар хобаш пули калонро гум кунад, баръакс аз ягон сарчашмаи нав даромади калони пули ба даст меорад ё дар ҳаёташ ягон ҳодисаи хурсандибахш рӯй медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Умед 2023-11-05, 21:52
салом ман дар чанд хобам дидам ки пулхоямро бе худа расход мекунам ва аз расходи бефоидаам хам парвое надорам кучое хохам меравам чизе хохам мехарам хулас табири хоби ман чи бошад?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Умед 2023-11-05, 21:52
салом ман дар чанд хобам дидам ки пулхоямро бе худа расход мекунам ва аз расходи бефоидаам хам парвое надорам кучое хохам меравам чизе хохам мехарам хулас табири хоби ман чи бошад?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД