formula
Пул ҷониби пулдор меравад?
508

Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад дар кишвар тадбиру барномаҳои гуногун роҳандозӣ шуданд, ки ҷорӣ гардидани низоми кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат ба ин мисол шуда метавонад.

Тибқи шарҳи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сар аз соли 2011 ин кӯмакҳо суроғавӣ шуданд, зеро маблағҳои дар буҷети мамлакат бо ин мақсад пешбинишуда, барои мардуме, ки дар сатҳи камбизоатӣ қарор доранд, намерасад. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат тасмим гирифт, ин маблағҳоро танҳо ба оилаҳое равона кунад, ки бештар ниёз доранд ва оилаҳое, ки ба кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ниёз доранд, дар асоси методикаи махсуси муайянсозии оилаҳои камбизоат интихоб мешаванд.

Мутобиқи индикатори демографӣ ҳайати оила, теъдоди маъюбон дар оила, шумораи онҳое, ки ба пиронсолӣ расидаву кор намекунанд ва ё занҳое, ки сарварии оиларо бар дӯш доранд ва ғайра ба назар гирифта мешавад. Инчунин, манзили иқоматии оила аз чӣ иборат аст ва аъзои он дар кадом ҳолат зиндагӣ доранд? Ҳамаи ин дар пурсишномаи махсусе дарҷ ёфтааст ва шаҳрванд – сарвари оила ба онҳо ҷавоб мегардонад, ки ҳар як саволнома вазни қиёсӣ дорад. Агар баъзе пурсишҳо сатҳи хуб доштани оиларо нишон диҳад, баъзеи дигар нишон медиҳад, ки сатҳи зиндагии оила душвор аст. Сипас, ҳамаи пурсишҳо дар барномаи махсуси алгоритмии компютерӣ ҳисобу китоб мешавад ва вазъи зиндагии оила муайян ва дар асоси он кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъин ва пардохт мегардад.

 

Тибқи шарҳи ин ниҳод, сол ба сол теъдоди хонаводаҳои муроҷиаткунанда зиёд шуда истодаанд. Мушкилии асосӣ он аст, ки бо вуҷуди роҳандозии корҳои иттилоотӣ на ҳама шаҳрвандони ниёзманд барои гирфтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ муроҷиат менамоянд.

Ин бонги хатар дар ҳолест, ки ба навиштаи сокинони чанд шаҳру навоҳии мамлакат масъулин ин кӯмакҳоро ба суроғаи худ мефиристанд ва оилаҳои камбизоат аз он бенасиб мемонанд. Аз ҷумла, Шералӣ Давлатов, сардабири рӯзномаи “Истиқлол”-и ноҳияи Темурмалик дар саҳифаи фейсбукаш бо як навишта ин масъаларо дар ҳудуди ноҳияашон чунин шарҳ додааст:

“Дар ноҳияҳо аз камбизоатон дида бекамбизоатон соҳиби кӯмакҳои иҷтимоӣ мешаванд. Эй бародари ҷон! Давлату ҳукумат барномаи “Кӯмакҳои унвони иҷтимоӣ”-ро барои беморон, маъюбон, бефарзандон ва камбизоатон роҳандозӣ намудааст. Наход, ки як ҷавоне агар мушт занад, девор чаппа мешавад, аз кафани мурда умедвор бошад. Имрӯз 1001 имконият аст, ки каме кӯшиш кунед, ҳамон 450 сомониро дар ду рӯз ба даст меоред. Дар асри 21 ба ҷойи оне, ки мо фарзандонро ба роҳи муваффақият роҳнамоӣ кунем. Дар як рӯз 5 маротиба пушти дари шӯъбаи иҷтимоӣ равон мекунем, то фаҳмад маблағ гузаштааст ё не. Шумо бо ин кор аз ҳозир кӯдаконро ба муҳтоҷ будан ҷалб мекунед. Дӯстони азиз! Шукри ободии кишвар, ки имрӯзҳо садҳо соҳибкорони тоҷик ба мардум маблағҳои калонро хайр мекунанд. Онҳо аз мо ҳеҷ камӣ надоранд. Биёед, ҷавонмардона рафтор кунем. Фалони гирифту мо мондем гуфта, ба ҳаққи як маъюбе, ки воқеан ба он маблағ эҳтиёҷ дорад, дастдарозӣ накунем”, - навиштааст ин рӯзноманигор.

Ҳолати мазкур нишон медиҳад, ки мушкилии болозикри мо дар ин ноҳияи вилояти Хатлон ҷой дорад. Дар зери навиштаи ин масъули ноҳияи Темурмалик чандин сокинони дигар минтақаҳо шарҳ навишта, ҷой доштани ҳолатро тасдиқ кардаанд. Аз ҷумла, як корбар бо номи Назокат Солеҳова навиштааст:

“Рост мегӯйӣ Шералӣ. Ман дар ноҳияи Мӯъминобод соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб ҳастам, вале шуданд пешниҳодҳое ки “биё 500 сомонада дуруст кунем.... Чӣ даркор ҳаққи як ятим ё як маъюбро хӯрдан?”, - пурсидааст ин нафар.

Дирӯз иттилоъ додем, ки шуруъ аз соли 2011 то соли 2022 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби буҷа ба қишри осебпазири ҷумҳурӣ ба маблағи 461,4 млн сомонӣ кумакҳои унвонии иҷтимоӣ расонида шудааст.

Бояд гуфт, ки 23 декабри соли 2022 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди мамлакат, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда шавад. Ба таъкиди Сарвари давлат аз буҷаи мамлакат 285 миллион сомонӣ ба ин мақсад равона гардидааст.

Тибқи қарори нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъйин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тағйиру илова ба он андоза ва тартиби пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ тағйир дода шуд. Тибқи он андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат бо назардошти кӯдакони то 16-сола, ки дар маълумотнома оид ба ҳайати оила дарҷ карда шудаанд, барои дувоздаҳ моҳ то 1 июли соли 2023 дар ҳаҷми 8 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда баробар ба 68 сомонӣ) барои ҳисобҳоро ташкил дода, ҳар семоҳа дар ҳаҷми 2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад, ки айни ҳол баробар ба 544 сомонӣ аст.

Дар ҳамин ҳол маъюбоне ҳастанд, ки аз нагирифтани кӯмаки якдафъаинаи иҷтимоӣ шикоят мекунанд ва теъдоди онҳое, ки ҳамарӯза ба сомонаи “Оила” муроҷиат мекунанд, хеле зиёданд. Рӯзҳои наздик дар ин хусус матлаби хаттӣ ва навори ашхоси муроҷиаткунандаро нашр хоҳем кард ва дар робита ба ду шикояти болозикр вокуниши масъулинро интизорем.

 

Биёед якҷоя ҳақро ба ҳақдор расонем, на ба кисаи худ андозем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД