Эдмунд Томас Клинти ҳиндустонӣ аз пурасрортарин кӯдакҳо дар таърих шинохта шудааст. Ӯ 19-уми майи соли 1976 ба дунё омада, дар синни ҳафтсолагӣ аз бемории гурда вафот мекунад.
Аҷибаш ин аст, ки Томаси хурдсол тавонист дар як муддати кӯтоҳ номи худро абадзинда гардонад. Писарак хеле барвақт ба расмкашӣ оғоз кард ва аллакай дар синни 5-солагӣ дар озмуни маҳаллӣ, ки барои рассомони то 18-сола эълон шуда буд, ғолиб омад.
Ба гуфтаи коршиносон, ӯ дар расмкашӣ маҳорати баланд дошт. Томас давоми ҳамагӣ 2 сол 30 ҳазор расми эҷодкардаи худро ба маърази тамошо гузошта, ҳаводорони бешумор пайдо менамояд.