arzon replenishment
Пушаймонии бесуд ҚИСМИ-2
17.10.2021
ДИЛОШӮБ
2797

                                     Чашми бад

Ба зиндагии тинҷу осудаи ин ҷуфти зебо чашми бад расид магар, ки дар синаи Сапеда як нуқтачае пайдо шуд, ки гоҳ-гоҳе сӯзишаш беқарораш менамуд. Сапеда ба ин эътибори ҷиддӣнамедоду модару хушдоманаш бошанд, ба ӯ ҳар гуна давоҳои халқӣмефармуданд. Апаи калонияш Моҳтоб дар хориҷа зиндагӣмекарду ба хабаргирии модар омада, аз аҳволи Сапеда бохабар гашта, зуд ӯро ба духтур бурд. Духтур баъд аз муоина гуфт, ки чизи баде нест ва ба воситаи доруву сузандорӯ несташ мекунем ва дорухат навишта дод. Апааш ба хориҷа рафту дорухат дар ҳамёни кӯҳнае даруни ҷевон монд, Сапеда дигар суроғи табиб нарафт ва ин бепарвоӣҷабре ба ҷонаш гашт. Пас аз як сол омос хеле калон гашту духтур ба ӯ ташхиси саратони сина гузошту табобатҳои тӯлониву дардовар оғоз шуданд. Дард кӯҳна шуда буду давояш осон набуд ва Сапедаи нозанин дар пеши назари пайвандонаш чун шамъ об мешуд. Анис худро ба сад дар зада, барои ҳамасараш даво меҷуст, аммо дер шуда буд. Ин ҳама мардро рӯҳафтода мекард, нолаҳои шабонаи Сапеда гоҳе қалбашро ба сӯзиш меоварданду гоҳи дигар хобашро ҳаром карда, ғазабнокаш мекарданд. Дар ҳамин аёми барояш душвор, Анис бо Гулизор ном як ҷавонзан шинос шуд. Гулизори танноз дар бозор як дӯкончаи хурди дафтару китобфурӯшӣдошту аз ду шавҳар ҷудо шуда, як духтарак дошт. Бемории зани Анисро фаҳмида, луқмаи муфт аз даст наравад гуфта, худро ба ӯ наздик кард, Аниси саргардон низ чӣхел ба доми Гулизор афтиданашро надониста монд. Акнун ӯ зуд-зуд шабашро дар оғӯши танноз рӯз мекарду баъдтар ӯро никоҳ карда гирифт.

                         Рашки зан

Аҳволи Сапеда рӯз аз рӯз бад мешуд, як синаашро буриданд ва ӯ дар беморхона мехобид. Зани ҳевараш бо хоҳаршӯяш ӯро хабаргирӣомаданду то дер дар пешаш истоданд ва ӯро хоб пиндошта, байни худ Анисро мазаммат карданд, ки Сапеда дар ин ҳолату ӯ зан гирифтааст. Дар дили Сапеда оташе афтод, ки бадтар аз саратон ҷонашро ба сӯзиш овард, ӯ худаш ҳам аз ғайбзаниҳои ҳамсараш чӣбалое доштани ӯро дарк карда буд, аммо ба гӯшаи хотир намеовард, ки Анис аз болои ӯ зан гирад. Пас аз чанд рӯз каме қувва гирифту шикори палонҷаш баромад. Як бегоҳ Анис ба хона омада, либосҳояшро иваз карду гуфт, ки имшаб бо рафиқонаш ба як маърака меравад, шояд наояд. Анис ба мошинаш нишасту Сапеда низ таксие киро карда, аз қафои ӯ шуд, ҳамсараш аввал бозор даромада, хариди зиёде карда, дар пушти мошин монду баъд роҳакӣшуд. Мошин дар яке аз кӯчаҳои шаҳр дар назди дарвозаи пурнақшу нигоре қарор гирифт. Сапеда низ фаромада, аз пушти Анис вориди ҳавлӣгашт, зани ҷавону зебое ба пешвозаш баромада, аз қафояш Сапедаи лоғару рангзардро дида, дар ҷояш шах шуд. Анис байни ду зан намедонист чӣкор кунад, Сапеда ба Гулизор чизе нагуфта, ба шавҳараш нигариста гуфт:

-То мурдани ман тоқат накардӣ?! Номард, ман дар бистари маргу ту дар бистари айш?!

Ҳамин вақт Гулизор бо ғазаб гуфт:

-Айба надониста, мурдата кашида-кашида ба сари ман омадӣ?! Ту дар фикри мурдан бошӣ, ба ту шавҳар чӣдаркор, рафта ором мурдан гир!

Анис рӯдавии Гулизорро дида, ба рӯяш як шаппотӣ зада гуфт, ту чӣҳақ дорӣ, ҳамсари маро таҳқир кунӣ, талоқат кардам! Сапеда дигар ба баҳси онҳо гӯш надода, аз хона берун шуд ва то хонааш пиёда омад, Анис баробари ӯ бо мошин зорӣкарда…

Сапеда дигар бо Анис хуб гап намезад ва ҳама васиятҳояшро ба бародаронаш мекард, баъди як моҳи ин воқеа зан бо қалби пурхун дунёро падруд гуфт ва дар дили Анис доғи нозудуданӣбоқӣгузошт…

Акнун ӯ ҳар рӯз сари хоки Сапедаи сиёҳпича омада, бо ӯ то дер гуфтугӯ мекунад, вале аз дили хоки сиёҳ садое нест…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД