sebiston july new
Путин ва Зеленский дар Истамбул гуфтушунид мекунанд
1201


Оё мулоқоти сарони ду давлат ба ҷангу хунрезӣ дар Украина хотима мегузорад?

Президенти Русия бо президенти Туркия Эрдоган сӯҳбат ороста, масъалаи баргузор намудани гуфтушуниди ҳайъати расмии Русияро бо Украина дар Туркия ҳал кардааст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки гуфтушуниди президинти Украина Владимир Зеленский ва президинти Русия Владимир Путин рӯзҳои 28-30 март дар шаҳри Истамбул баргузор карда шавад.
Авзоъ дар Украина торафт шадидтар мегардад ва аллакай беш аз 3, 8 миллион одамон аз тарси ҷон тарки хонуву хонумони худ гуфта, аз ҳудуди ин кишвари ҷангзада берун ва ба дигар давлатҳо гуреза шудаанд.
Ҳамагон умед бар он мебанданд, ки шояд ин дафъа ақли солим ғолиб омада, ҷонибҳо ба мувофиқа мерасанд ва ниҳоят ба ҷангу хунрезӣ дар сарзамини Украина хотима гузошта мешавад, вале ҳанӯз маълум нест, ки Русия ва Украина шартҳои ҳамдигарро қабул мекунанд ё на.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Азия-плюс, сарвари ҷумҳурии халқии Луганск «ЛНР» дар бораи имконияти баргузор намудани райъпурсии умумихалқӣ оид ба ворид гаштани ЛНР ба ҳайъати Русия изҳори назар кардааст. Аз рӯйи гуфтаҳои ӯ ҳанӯз кор дар боби бургузор намудани “референдум” оғоз наёфтааст, зеро авввал ба ҷанг хотима гузошта, баъдан аз паси ин масъала шудан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД