Sebiston new 2024 october
Пйесаи драмматурги ҷавони тоҷик дар театри "Илҳом"-и Тошканд намоиш дода мешавад
1360

Пйесаи драмматурги ҷавони тоҷик Нилгуна Баҳромзода бо номи «Эй, сафедак» рӯзҳои наздик дар театри «Илҳом»-и шаҳри Тошканд ба намоиш гузошта мешавад.

Тибқи мазмуни намоишнома, Аҳмад, як навраси 15-солаи шаҳрӣ аст, ки дар вақти таътили мактаб ба деҳа, ба хонаи бобою бибиаш рафта, вақташро бо онҳо мегузаронад. Дар ин ҷо, дар ҳамсоягии онҳо ду хоҳарон - Дилафрӯз ва Маликабону зиндагӣ мекунанд, ки падару модарашон онҳоро партофта, ба муҳоҷират рафтаанд ва аз онҳо ҳеҷ хабаре нест. Малика ҳамсинни Аҳмад аст. Онҳо хонаашонро ба Анас ном авбоше ба иҷора додаанд, ки инро танҳо Аҳмад мефаҳмад. Анас ҳамеша рафтори бад карда, Аҳмадро бо ҳар баҳона таҳдид мекунад, вале дар ниҳоят маҳз Аҳмад ӯро аз деҳа меронад.

Номи пйеса ба намуди зоҳирии қаҳрамони марказии он вобастагӣ дорад. Азбаски Аҳмад писари сафедпӯст ва бисёр шармгин аст, ӯро Малика ҳамеша “сафедак” гуфта, ҷеғ мезанад. Ин ба Аҳмад ва бибиаш дар аввал писанд намеафтад, вале дар ниҳоят Аҳмад ба ӯ ошиқ шуда, инро дар назди духтарак иқрор мешавад. Ин қиссаи муҳаббат бо он анҷом меёбад, ки муҳлати таътил тамом мешаваду падару модари Аҳмад ҳамроҳи ӯ ба шаҳр бояд баргарданд ва дар вақти хайрухуш Малика ба ӯ сурати дар чаҳорчӯба гирифташудаеро ҳамчун ёдгорӣ аз деҳа туҳфа мекунад. Ин акси кӯдакии онҳо буд, зеро Аҳмаду Малика аз хурдӣ бо ҳам бозӣ мекарданд.

Тавре Нилгуна Баҳромзода, муаллифи намоишнома дар суҳбат бо Oila.tj қисса кард, ин ҳодиса қисман воқеӣ буда, ӯ инро ба руҳи бародари фавтидааш бахшидааст. Баъзе аз лаҳзаҳои намоишнома ба рӯзгори кӯдакии ӯву бародараш шабеҳанд.

Ин пйеса дар доираи Лабораторияи драмматургони ҷавони Осиёи Миёна, ки моҳҳои сентябр-октябри соли равон дар шаҳри Тошканд дар ду марҳила баргузор шуд, бо роҳбарии драмматург ва коргардони шинохтаи беларус Дмитрий Богаславский навишта шудааст. Чанд рӯз қабл дар театри “Илҳом”-и Ӯзбекистон дар доираи Фестивали хондани матнномаи намоишҳо он дар шакли ибтидоӣ барои тамошобинони ӯзбек бо коргардонии Максим Фадеев намоиш дода шуд. Қарор аст, ки акнун он пурра чун асари саҳнавӣ гузошта шуда, ба репертуари театри мазкур дохил карда шавад.

Нилгуна Баҳромзода 17-уми сентябри соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ ҳамчун коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ фаъолият дорад ва дар ин роҳ Шарофат Арабоваро устоди худ медонад. Филми бадеии ӯ бо номи “Пианист” дар 2-юмин кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ - «Навсоз - Душанбе 2017» намоиш дода шуд. Мавсуф хатмкардаи Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов бо ихтисоси санъатшинос аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД