sebiston july new
Радиои "Ҳамсадо"
05.03.2022
Promo
816

Радиои "Ҳамсадо" нисбати Шумо эҳтироми хоса дошта, барои иштирок дар лоиҳаи бузурги ҷумҳуриявии HMAP - 2021 (Hamsado MUSIC AWARDS) даъват менамояд.

«Ҳамсадо» радиои ҷавону умедбахшест, ки дар як муддати кӯтоҳ бо суруду оҳангҳои ҷолибу руҳнавозаш ба дили ҳар як шунавандаи тоҷик роҳ ёфтааст. Мо тавонистем дар вақти хеле кутоҳ чандин лоиҳаҳои бузургро ҳам барои шунавандаҳои худ ва ҳам шарикони хеш роҳандозӣ намуда, боварии онҳоро бештар намоем. Шунаванда аз мусиқиҳои радиои “Ҳамсадо” на танҳо болидарӯҳ мегардад, бале ғизои маънавӣ низ мегирад.

HMAP яке аз лоиҳаҳои бузурги радиои «Ҳамсадо» аст, ки дар аввалҳои моҳи феврали соли 2019 роҳандозӣ шуда, моҳи майи ҳамон сол дар толори консертии «Кохи Суруш» аввалин ҷоизасупорӣ баргузор гардид.
Маросими супоридани ҷоизаҳои дуюм, 10 марти соли 2021 бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Ҳамчунин, лоиҳаи мазкур дорои фарогирии васеи иттилоот буда, дар ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ, радио ва рӯзномаҳо таблиғ карда шуд.

Ҳар ҳафта шунавандагон беҳтарин овозхонҳоро интихоб мекунанд! Аз рӯи шунавандагони радиои «Ҳамсадо» ситораҳо ба ҷадвали ТОП-15 ворид мешаванд. То анҷоми лоиҳа овоздиҳӣ тавассути саҳифаҳои расмии мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пахши мустақими радио баргузор гашта, ситораҳои беҳтарин муайян шуда, рӯзи 8 марти соли ҷорӣ ғолибон дар чорабинии расмии радиои Ҳамсадо HAMSADO MUSIC AWARDS PERFOMANCE эълон карда мешаванд.

HMAP на танҳо интихоби беҳтарин ситораҳо, балки баргузор намудани барномаи ҷолибу руҳнавоз бо иштироки тамошобинон, сарпарастон, шарикон ва худи ситораҳо мебошад.
Радиои «Ҳамсадо» бо 60 ситораи кишвар шартнома дорад. Маҳз ҳамин 60 ситора дар лоиҳаи HMAP ширкат карданд, вале 15 нафар аз беҳтаринҳо ба гуфтаи шунавандагони радиои «Ҳамсадо» ба давраи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Радиои “Ҳамсадо” болидаруҳии ҳамаи мо!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД