arzon replenishment
РАДНОМА БАЛОРО РАД МЕКУНАД?
3142


Ман духтари замонавӣ ҳастам ва ба тӯмору раднома ихлос надорам. Саломатиам пештар хуб буд, вале намедонам чи боис гашт, ки як соли охир тез-тез бемор мешавам.

Шавҳари меҳрубону фарзандони нозанин, ҳавлии сешёна ва мошини шахсии гаронбаҳо дорам. Модарам мегӯяд, ки ба ман чашм расидааст. Бечора кампир ба назди кадом домулло рафта, барои ман раднома гирифтааст, вале ростӣ ҳеҷ онро ба банди дастам баста наметавонам. Мехоҳам донам, ки раднома гирифтан аз назари ислом раво ҳаст ё не? Магар эътимод намудан ба раднома шак овардан ба худованд ҳисоб намешавад?

Манзура, ш Душанбе

Посух
Ба савли хонандаи мо хомулло Ҷамолиддини Хомӯш ҷавоб мегӯяд:

Аз нигоҳи шариат бо худ доштани раднома ҷоиз мебошад, ба шарти он ки калимоти дар инҳо навишташуда аз оятҳои қуръонӣ ва дуоҳои шаръӣ иборат бошанд ва маънояшон возеҳ ва фаҳмо бошанд, илова бар ин, дар онҳо калимоти ширкӣ мавҷуд набошад. Қобили зикр аст, ки радномава тўмор барои он касонеаст, ки оятҳои қуръонӣ ва дуоҳои набавиро ба сабаби нодонӣ, пиронсолӣ ва ё хурдсолӣ хонда наметавонанд. Касоне, ки ин дуоҳоро хонда метавонанд, барои муҳофизати худ бояд ин дуоҳоро худашон субҳу шом хонда, ба баданашон бидаманд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД