Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, воқеъ дар шаҳри Куала-Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни дастаҳои духтарони то 17-сола баргузор шуд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, тибқи натиҷаи қуръакашӣ, дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба гурӯҳи «А» шомил гардид. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 5 то 11-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Дар марҳилаи интихобӣ 30 даста иштирок мекунанд. Тибқи қуръакашӣ онҳо ба ҳашт гурӯҳ тақсим шуданд: шаш гурӯҳ аз чаҳор даста ва ду гурӯҳ аз се даста иборатанд.
Ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 танҳо ғолибони гурӯҳҳо роҳхат мегиранд. Чор даста - қаҳрамони феълии мусобиқа Кореяи Шимолӣ, инчунин тимҳои Ҷопон, Австралия ва мизбони марҳилаи ниҳоӣ Чин аллакай ҳуқуқи иштирок дар қисми ниҳоии мусобиқаро доранд.