Раиси Суғд ба 60 зани соҳибкор зиёда аз чорсад ҳазор сомонӣ грант дод
101

Дар МИҲД-и вилояти Суғд маросими тантанавии супоридани грантҳои раиси вилоят ба бонувони соҳибкор баргузор гашт. Барои дарёфти гранти раиси вилоят 105 лоиҳа пешниҳод шуда, аз ин миён тибқи озмун 60 лоиҳа баранда гаштанд ва ба соҳибони лоиҳаҳо аз 5 то 30 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 420 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

Тавре Муяссара Мавлонӣ, муовини Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд зимни суҳбат бо журналистон гуфтааст: “Тибқи хулосаи ҳакамон ба 15 зан дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, ба 15 зани дигар 8 ҳазор сомонӣ ва ба 30 зан 5-ҳазорсомонигӣ гранти раиси вилоят дода шудааст. Онҳо ният доранд, ки бо истифода аз маблағи грантӣ доираи фаъолияти коргоҳҳои худро васеъ намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд".

Ҳадаф аз ҷудо кардани маблағҳои грантии раиси вилоят дастгирии бонувон, мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ дар байни занон, ташкил кардани ҷойҳои навӣ корӣ барои аҳолӣ ва ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ ва дигар ҳунарҳо мебошад.

Интизор меравад, ки шумора ва маблағи грантҳои раиси вилоят то 560 ҳазор сомонӣ зиёд карда шуда, дар соли 2026 ба ҷойи 60 зан 80 нафар бонувон соҳиби грантҳои раиси вилоят хоҳанд гашт.

Ногуфта намонад, ки дар соли 2025 ҳамчунин 39 нафар бонувон аз вилояти Суғд соҳиби гранти президентӣ гаштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД