arzon replenishment
Рашк (қисми 2)
1583

Давомаш. Қисми аввалашро дар ин ҷо хонда метавонед.

- Модарҷон, шумо маро санҷиданиед? Бе задани Ситора ҳам ман шуморо дӯст медорам, - бо навозиш дастони модарро гирифта бӯсид Собир.

- Воқеан маро дӯст медорӣ! - дасти писарашро сахт фишурда, пурсид Саодат.

- Бале модарҷон, кадом фарзанд модарашро бад мебинад? Ҳурмату эҳтироми модар аз рӯйи қонуни дину дунё воҷибу ҳатмист. Ғайр аз ин, чаро ман шуморо бад бинам?

- Чунки келинам ҳар рӯз маро ба ту ганда мекунад. Аз ман дар наздат хушдомани золиму модари бад метарошад. Гузашта аз ин, аксари ҷавонон ҳамин тавр шудаанд, ки пас аз оиладор шудан дигар модарро фаромӯш мекунанд.

- Модарҷон, ёдатон аст, ки аз кадом китобе бароятон хонда будам, ки гуфта шудааст, агар ҳамсаратро рӯйи даст гирифтӣ, хоҳаратро ба китфонат гир ва модаратро болои сар. Яъне, ҳеҷ гоҳ ман аз шумо дур набудам ё шуморо бад намебинам. Ба шумо муҳаббати фарзандӣ ва ба Ситора бошад, меҳру навозиши шавҳарӣ медиҳам, - бо ин суханҳо дили модарро пур кардани шуд Собир.

Вале Саодат гапҳои писарашро рӯякӣ қабул карда бошад ҳам, ҳеҷ ба суханони вай бовар надошт. Ӯ гумон мекард, ки келинҳои имрӯза даррав ба шавҳар соҳиб шуда, онҳоро аз модар ҷудо месозанд, ё ба модарашон зид мекунанд.

 

Саодат мехост писаронаш танҳо ба ӯ меҳрубон бошанд. Агар наздаш бо ҳамдигар табассум кунанд, аз дард аланга мегирифт. Зеро худ аз замони арӯсӣ то марги хушдоманаш аз касе ва ҳатто аз шавҳараш меҳрубоние надида буд. Шавҳараш доим аз таги нохун чирк кофта, ӯро зери мушту лағад мегирифт. Хушдоман бошад, бо ҳар баҳона Саодатро бад карда, нишон медод, ҳол он ки бе айбҷӯиву айбмонии хушдоман ҳам ҷабри шавҳараш басанда буд.

Хушдомани Саодат тез- тез шабона писарашро наздаш ҷеғ зада, намегузошт, ки бо завҷааш хоб кунад. Саодат он шабҳоро ҳамроҳ бо ғаму ғуссааш саҳар мекард. Бечораи келинро саҳари барвақт хезонда, маҷбур мекард, ки корҳои бегоҳ кардаашро аз нав кунад. Агар мабодо ба фармудаҳои хушдоман саҳлангорӣ намояд ба писараш гуфта, рӯзи Саодатро сиёҳ мекард.

Ӯ барои ҳамин мехост ҷабру зулм ва рӯзҳои шуму торики дидаашро ба сари келинҳояш биёрад. Гумон мекард, ки хушдоман бояд ҳамин тавр бошад, ҳол он ки баъзе келинҳо меҳрубониеро, ки аз хушдоман дидаанд, аз модарашон надидаанд.

- Эҳ Саодат, агар лаҷоми ин кнлинҳоро накашӣ, пагоҳ онҳо лаҷоматро ба даст гирифта, ба сарат мебароянду чормағз мешикананд. Ана, он гоҳ пушаймон мешавӣ,- худ ба худ меандешид ӯ.

 

- Ситора, эй Ситора. Ситора мегӯям, - дар ғазаб шуда, ҷеғ зад келинашро Саодат.

- Лаббай, модарҷон, - аз дар давида, баромад келин.

- Шумо солимед? Аз саломатиатон шикоят надоред?

- Не, модарҷон, ман хубам, - ба кинояи хушдоман сарфаҳм нарафта, гуфт Ситора ва афзуд, - ростӣ ба шумо як чизро гуфтанӣ будам.

- Аввал, чой дам кунед. Ман барои дарду ҳасрататонро шунидан ҷеғ назадам.

- Хуб, - гуфта, аз ҷой хест Ситора.

Келинчак оҳиста-оҳиста ба рафторҳои хушдоман одат карда буд. Акнун аз ҳар гапи вай намеранҷид. Ба суханони нохуби Саодат аҳамият намедод. Кӯшиш мекард гуфтаи хушдоманро бе каму кост иҷро кунад ва беҳуда ба худ гап нахарад.

Ҳамзамон, ҳар боре, ки ба модараш аз рафторҳои хушдоманаш сухан кунад, модараш баръакс худи Ситораро ҷанг карда, мегуфт, ки "акнун модарат хушдоманатанд. Дигар назди ман он касро бад макун, ки аз ту сахт меранҷам. Хизматашро ба ҷо ору ҳар чӣ гӯяд кун. Ба дилаш озор надеҳ. Хоҳӣ, ки оянда соҳиби келини хуб шавӣ, аввал худат келини нағз бош. Фаромӯш накун, дунё баргардонда аст". Барои ҳамин ҳам Ситора кӯшиш мекард ба хатое роҳ надода, дили хушдоманро ёбаду хизматашро ба ҷо орад.

- Ситора, аз чоҳ чой мекашӣ?, - дод зад Саодат.

- Мана-мана, омадам, модарҷон. Чой дертар ҷӯшид, барои ҳамин камтар мунтазир шудам.

- Хӯш, чӣ гуфтани будӣ ба ман? - бо салобати ба худ хос як қулт чой нӯшида, пурсид Саодат аз келинаш.

- Модарҷон, ман... ман...

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД