Arzon march 2024
Рашки келинам ба сари бахташ об рехт
06.03.2023
ОИЛА
1719


Ман модари як писару чор духтар ҳастам, ки ҳамаашон оиладор шудаанд. Бо умед ба писарам низ дӯстдоштаи худашро гирифта додем. Баъди тавлиди як фарзанд рафтори келинам дигар шуд.

Зиндагӣ кардан дар деҳахушаш намеомад ва бо ҳар баҳона ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол карда, на ба насиҳат гӯш мекарду на ба дигар чиз.

Як рӯз баҳона кард, ки “писарат арӯсбоз асту апаи ман ӯро бо зани дигар дидааст. Ман рафта, шавҳарамро дастгир мекунам”. Ҳарчанд насиҳат карда, гуфтам, ки ин гапҳо асос надоранд, ба суханонам заррае гӯш накарда, писарчаашро гирифта, қаҳр карда рафт.
Ба ҷои кори шавҳараш рафта, бо тамоми духтарони коргоҳ ҷанҷол кардаст, ки “кадоматон арӯси шавҳари ман ҳастед”?
Писарам дар бонк кор мекард, ҳама ҳамкоронаш ҳайрон шуда, ҷониби писарам нигоҳ мекунанду писарам асабӣ шуда, занашро ба таксӣ шинонида, ба хона равон мекунад ва “Ман баъди кор дар ин масъала бо ту гап мезанам” мегӯяд.
Келини якрав аз пашша фил сохта, рост ба хонаи модараш рафта, қиёмат барпо мекунад. Падари келинам ба писарам занг зада, “зану фарзанд даркор бошад, зуд расида биё” гуфтааст. Омадан баробар падари келин “ту кӣ ҳастӣ, ки духтари маро азоб медиҳӣ” гӯён, писарамро задааст. Як шармандагӣ барпо кардаанду писарам ҳамон ҷо ҷавоби занашро дода омад.
Дар хона ману падараш аз чизе хабар надоштем. Хавотир будам, ки чаро бегоҳ шудаасту келини якрав дер кард. Вақте писарам аз дар даромад, рангу рӯи паридаашро дида, дилам гувоҳӣ дод, ки ҳодисае сар задааст. Писарам бо ҳаяҷон “Ҳама чиз тамом шуд, оча!” гуфт. Бовар накарда, телефонашро гирифта, ба қудоям занг задам, то ки чӣ гап шуданашро пурсон шавам, вале дар ҷавоб чунон доду бедод карданд, ки гӯё дар моҷарои сарзада ман гунаҳкор бошам. Маҷбур шуда телефонамро куштам ва писарамро хеле сарзаниш карда, гуфтам, ки кори беақлона кардӣ. Мехостам ба келини якраву гапнодароям занг зада барои беақлиаш, ки сари ҳаёти осудаашро худаш хӯрд, ҷангаш кунам, вале писарам намонд.
Дилам ба бахти сӯхтаи писарам ва набераи ҷону ҷигарам, ки зиндаятим мешавад, месӯзад.
Духтарони азиз, ҳеҷ гоҳ ба рашки беасос дода нашаведу зиндагии худро ба коми оташ наандозед. Бахти аввал ширин аст, дуюмашро орзу накунед ва волидои худро дар дами пирӣ дар азоб нагузоред!
М.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД