arzon replenishment
Рақси мардона аз байн меравад?
628

Дар таърихи ҳар халқу миллат санъати рақс ҷойгоҳу мақоми хоса дошта, фарҳангу тамаддуни он миллатро инъикос мекунад.

Дар Тоҷикистон, то имрӯз зиёда аз 100 намуди рақсҳои миллӣ муаян шудаанд, ки мутаассифона на ҳамаи онҳо ҳифз шудаанд. Солҳои охир тақлид ба рақсҳои бегона ба қавле "мӯд" шуда, бегонапарастӣ дар ин самт зиёд ба назар мерасад.

Омили асосии ин падида раванди босуръати ҷаҳонишавӣ буда, шабакаҳои иҷтимоии тик-ток ва инстаграму ютюб ба он замина фароҳам меоранд.

Номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Фирӯз Миров мегӯяд:
"Рақс ифодагарӣ сулҳу ваҳдат, оромии ҷомеа, вақти хуши шаҳрвандон ва руҳияи орому осуда ва ҳаёти шоистаи мардум мебошад! Албатта, дар шароити ҷаҳонишавӣ таъсири фарҳанги бегона ба фарҳанги миллӣ, аз ҷумла рақс бетаъсир намемонад! Имрӯз ҷавонон ба намудҳои гуногуни рақсҳои бегона аз қабили рақси доғистонӣ ва аврупоӣ тақлид кмекунанд. Ин тақлиди ғайри касбӣ ва бемаънӣ ба фарҳанги миллии мо ва ба тарбияи эстетикии насли наврас таъсири манфӣ мерасонад. Ҳоло дар тӯю хурсандиҳои мо кам ҷавононе вомехуранд, ки рақси зебои мавзуни тоҷикиро ба анҷом расонида тавонанд. Рақси мардонаи миллӣ дар тӯйҳо ва хурсандиҳои оммавӣ (на расмӣ) қариб аз байн рафтааст."
Ба қавли Фирӯз Миров рақси миллӣ дар баробари муаррифгари миллат будан, ҳамзамон нишонаи иттиҳоду якдигарфаҳмӣ дар ҷомеа мебошад. Мавсуф барои пешрафти санъати рақси миллӣ ва ҳифзи он андешидани тадбирҳои зеринро муҳим медонад.
"1) Дар мактаби миёна ҷорӣ намудани фанни "рақси миллӣ".
2) Таъсис додани марказҳои рақси миллӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия.
3) Пешгирӣ намудани рақсҳои бемаънӣ ва "шармандавор"-и баъзе ҷавонони бефарҳанг дар хурсандиҳои оммавӣ (ҳатто ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани ин гуна ҷавонони бефарҳанг).
4) Тавассути ВАО тарғиби фарҳанги рақс ва рақси миллӣ. Таҳияи барномаҳои телевизионӣ, намоишҳо, филмҳои бедеӣ ва ҳуҷҷатӣ."
Намудҳои рақс вобаста ба маҳал низ зиёданд, ба мисоли рақси бадахшонӣ, зарафшонӣ, кӯлобӣ, ғармӣ ва хуҷандӣ, ки ҳамагӣ нишонаи фарҳанги бойи рақси миллии моро ифода мекунанд. Намудҳои рақс бо зарбҳо ва тарзи ҳаракаташон аз ҳамдигар фарқ доранд, вале хусусияти умумиашон дар он аст, ки қалбҳо ангеза бахшида, касро ба рақсидан таҳрик медиҳанд. Рақс табъи касро болида гардонида, нерӯи тоза ато мекунад. Рақси миллӣ ҷузъи асосии фарҳанги мо ба ҳисоб рафта ҳимоя кардани он аз олудагиҳо ва мерос гузоштан ба наслҳои оянда вазифаи ҳар яки мост. Пас бояд ба ин навъи фарҳанг арҷ гузошта, онро ҳифз намоем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД