35 years of independency
Равиши нав дар идоракунии захираҳои об: муттаҳидшавӣ калиди рушди устувор гашт
15.10.2026
Oila.tj
54

Истифодаи самараноки захираҳои об яке аз омилҳои асосии рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Барои ҳар як деҳқон дастрасии саривақтӣ ба об маънои ба даст овардани ҳосили фаровону даромади хуб ва фароҳам будани имконият барои рушди хоҷагиро дорад. Аммо дар шароити замони муосир, ки талабот ба об рӯз то рӯз афзуда, дастрасӣ ба захираҳои обӣ торафт маҳдудтар мегардад, танҳо мавҷуд будани рӯдхонаву каналҳо ва шабакаҳои обёрӣ барои ба пуррагӣ таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ бо об кофӣ нест.

Барои дастрасии саривақтӣ ва одилонаи тамоми истифодабарандагон ба об мутахассисони соҳибихтисос, техникаи зарурӣ ва низоми шаффоф ва устувори идоракунии маблағҳо ва тақсимоти дурусти об зарур аст.

АВП-и ба номи А. Бобоев имрӯз 4 ассотсиатсияи қаблан мустақили истифодабарандагони обро муттаҳид менамояд;

5 461 гектар замини обёришавандаро хизматрасонӣ мекунад;

Ба 698 истифодабарандаи об хизмат мерасонад;

Тақсимоти обро дар доираи низоми канали «Шавкат» идора мекунад;

Яке аз аввалин намунаҳои пилотии муттаҳидсозии АВП дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони обро тӯли солҳои зиёд мушкилоти норасоии захираҳои молиявӣ ва низоми парокандаи идоракунӣ маҳдуд карда буд. Чор ассотсиатсияи алоҳида дар доираи як низоми ягонаи обёрии канали «Шавкат» фаъолият мекарданд, аммо ҳар кадоми онҳо ба таври ҷудогона идора мешуд. Ин ҳолат боиси такроршавии хароҷот, норасоии мутахассисон ва коҳиши самаранокии хизматрасонӣ ба истифодабарандагони об мегашт. То оғози ҳамкорӣ бо Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби HELVETAS ва ACTED бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария ба ҳудуди муайян хизмат расонида, фаъолияти худро мустақилона ба роҳ мемонданд. Дар назари аввал чунин шакли фаъолият қобили қабул менамуд, аммо дар амал ассотсиатсияҳои хурд барои таъмини фаъолияти устувор захираҳои кофӣ надоштанд. Маблағҳое, ки аз ҳисоби ҳаққи узвият ҷамъоварӣ мешуданд, барои пардохти музди меҳнати кормандон, нигоҳдории шабакаҳои обёрӣ ва анҷом додани корҳои зарурии техникӣ басанда набуданд. Дар натиҷа, тоза кардани каналҳо, таъмири иншооти гидротехникӣ ва дигар корҳои муҳими нигоҳдории инфрасохтор бо мушкилоти зиёд анҷом дода мешуд. Ба гуфти намояндаи Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об, яке аз мушкилоти асосӣ маҳз таъмини устувории молиявии ассотсиатсияҳо буд.

«Ассотсиатсияҳои хурд имконоти кофии молиявӣ надоштанд. Маблағҳои ҷамъоваришуда барои пардохти музди меҳнати кормандон ва нигоҳдории шабакаҳои обёрӣ кифоя набуданд. Ҳадафи мо ҳангоми муттаҳидсозии онҳо пеш аз ҳама таъмини устувории молиявии ассотсиатсияҳо ва нигоҳ доштани мутахассисони соҳибтаҷриба буд»,- таъкид мекунад намояндаи лоиҳа.

Маҳз норасоии захираҳои молиявӣ имкон намедод, ки мутахассисони ботаҷрибаро нигоҳ доранд. Кормандоне, ки ба кор ҷалб мешуданд, аксар вақт баъди як-ду моҳ вазифаи худро тарк мекарданд, зеро музди меҳнат паст ва масъулият хеле зиёд буд.

Тавре ки раиси гурӯҳи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби «Т. Улджабаев»-и Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «А. Бобоев» Кенҷабек Хонкелдиев зимни суҳбат бо мо гуфт, мушкилоти дигаре, ки монеъи фаъолияти пурсамари онҳо мегашт, норасоии техникаи зарурӣ барои нигоҳдории инфрасохтори обёрӣ буд.

«Ассотсиатсия аз солҳои қаблӣ қарзи андоз дошт. Мо имкони харидани техникаро надоштем. Тоза кардани каналҳо ва ҷӯйборҳо ҳамеша кори душвор буд. Бо вуҷуди доштани мутахассисон, нигоҳ доштани онҳо низ осон набуд. Пас аз чанд моҳ кормандон мерафтанд, зеро музди меҳнат паст, вале масъулият хеле зиёд буд»,- мегӯяд Кенҷабек Хонкелдиев.

Дар чунин шароит таъмини хизматрасонии босифат оид ба интиқол ва тақсимоти об барои ҳазорҳо нафар истифодабарандагони об кори осон набуд. Мушкилоти молиявӣ ба дигар самтҳои фаъолияти ассотсиатсияҳо низ таъсир мерасонд. Ассотсиатсияҳо амалан барои ҷорӣ намудани технологияҳои нав, баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон ва такмили низоми идоракунӣ имконият надоштанд, илова бар ин, низоми ягонаи баҳисобгирии молиявӣ ва идоракунии гардиши маблағҳо вуҷуд надошт. Пардохти хизматрасонии таъминоти об асосан ба таври нақдӣ сурат мегирифт, ки ин на ҳамеша имкон медод, ҳаракати маблағҳо ба таври шаффоф назорат карда шавад.

Роҳбарони ҳамаи ассотсиатсияҳо дарк мекарданд, ки идомаи фаъолият дар доираи модели мавҷуда имкони рушди минбаъдаро маҳдуд месозад. Барои таъмини устувории фаъолияти ассотсиатсияҳо равиши нави идоракунӣ зарур буд.

Қароре, ки фаъолияти ассотсиатсияҳоро тағйир дод

Бо дастгирии Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таҳкими фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ба таври ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор гирифт. Мутахассисони лоиҳа ба хулоса омаданд, ки яке аз роҳҳои самараноки ҳалли мушкилот муттаҳид намудани ассотсиатсияҳои хурд ва ташкили сохтори пурқувваттаре мебошад. Дар натиҷа, чор ассотсиатсияи истифодабарандагони об муттаҳид карда шуда, дар заминаи онҳо Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «А. Бобоев» таъсис дода шуд. Ба ҳайати ассотсиатсияи нав чор гурӯҳи истифодабарандагони об шомил гардиданд:

ГИО «Т. Улджабаев»;

ГИО «Андарсой»;

ГИО «Сатторов»;

ГИО «А. Бобоев».

Дар натиҷаи муттаҳидсозӣ як ташкилоти ягона таъсис ёфт, ки ба 5 461 гектар замини обёришаванда ва 698 истифодабарандаи об хизмат мерасонад.

Муттаҳидшавӣ имкон дод, ки аз идоракунӣ тибқи ҳудудҳои маъмурӣ ба идоракунӣ бар асоси принсипи гидрографӣ дар доираи низоми ягонаи обёрӣ гузариш сурат гирад. Ин равиш яке аз усулҳои самаранок ва муосири идоракунии шабакаҳои обёрӣ ба ҳисоб меравад.

Шумораи аъзои Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «А. Бобоев» қаблан 143 истифодабарандаи обро ташкил медод, пас аз васеъшавӣ он 698 истифодабарандаи обро муттаҳид намуд. Ин нишондиҳандаҳо густариши ташкилотро дар натиҷаи ҳамроҳ шудани ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об инъикос менамояд.

Ба гуфтаи Кенҷабек Хонкелдиев, қабули қарор дар бораи муттаҳидшавӣ дар ибтидо барои бисёре аз иштирокчиён осон набуд, аммо бо гузашти вақт маълум гардид, ки маҳз ҳамин қадам метавонад фаъолияти ассотсиатсияҳоро ба сатҳи сифатан нав барорад.

«Вақте ки тамоми имкониятҳо муттаҳид карда шуданд, мо тавонистем фаъолияти худро аз нав ба роҳ монем. Имрӯз ассотсиатсия имконият дорад натанҳо фаъолияти ҳаррӯзаи худро таъмин кунад, балки рушди минбаъдаро низ ба нақша бигирад»,- мегӯяд ӯ.

Коҳиш додани вазифаҳои маъмурии такроршаванда имкон дод, ки захираҳои иловагӣ барои хизматрасонии инфрасохтор ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ равона карда шаванд. Ҳамзамон барои нигоҳ доштани мутахассисони соҳибтаҷриба, ки қаблан бинобар имкониятҳои маҳдуди молиявӣ ассотсиатсияҳоро тарк мекарданд, шароити мусоид фароҳам омад. Маҳз аз ҳамин давра марҳилаи нави рушди Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «А. Бобоев» оғоз ёфт. Бо дастгирии HELVETAS ва ACTED сохтори идоракунӣ тағйир дода шуда, низоми нави молиявӣ ҷорӣ гашт ва омӯзиши кормандон, бо техника таъмин намудан ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба роҳ монда шуд.

Насби дастгоҳҳои ченкунии об ҳамакнун имкон медиҳад, ки ҳаҷми воқеии оби истифодашуда дақиқ муайян карда шуда, тақсимоти он байни гурӯҳҳои истифодабарандагони об самараноктар гардад.

«Об моликияти давлат аст ва мо танҳо истифодабарандаи он ҳастем. Аз ин рӯ, тақсимоти одилона ва истифодаи оқилонаи об барои мо як масъулияти бузург аст»,- таъкид мекунад Кенҷабек Хонкелдиев.

Таҷрибаи пешқадам барои дигар минтақаҳо

Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «А. Бобоев» яке аз намунаҳои муваффақи муттаҳидсозии ассотсиатисияҳои истифодабарандагони об дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки муттаҳид намудани истифодабарандагони об дар доираи низоми ягонаи гидрологӣ метавонад ба баланд гардидани устувории молиявии ташкилотҳо, беҳтар шудани сифати таъминоти об ва истифодаи самараноки захираҳои маҳдуди об мусоидат намояд. Ин таҷриба аллакай таваҷҷуҳи минтақаҳои дигари кишварро ба худ ҷалб намуда, метавонад ҳамчун модели амалӣ барои идомаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шавад.

Аз идоракунии анъанавӣ ба низоми муосири хизматрасонии обтаъминкунӣ

Пас аз таъсиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «А. Бобоев» таваҷҷуҳи асосӣ ба ташаккули низоми самараноки идоракунӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо равона гардид. Яке аз қадамҳои муҳим дар ин самт ҷорӣ намудани низоми нави идоракунии молиявӣ ва шаффофтар кардани ҳисоббаробаркунӣ буд. Қаблан қисми зиёди пардохтҳо барои хизматрасонии обрасонӣ ба таври нақдӣ анҷом меёфт. Ин ҳолат назорати воридоти маблағ ва идоракунии молиявиро мушкил мегардонд.

Бо дастгирии Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар фаъолияти ассотсиатсия низоми биллинг ҷорӣ карда шуд. Акнун истифодабарандагони об метавонанд маблағи хизматрасонӣ ва ҳаққи узвиятро ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд. Ин тағйирот шаффофияти амалиёти молиявиро баланд бардошта, ба роҳбарияти ассотсиатсия имкон дод, ки даромаду хароҷотро дақиқтар ба нақша бигиранд ва маблағҳоро самаранок истифода баранд.

Низоми шартномавӣ низ такмил ёфт. Агар қаблан шартномаҳо ба муҳлати як сол баста мешуданд, пас баъди ислоҳот шартномаҳои сетарафа бо муҳлати панҷ сол ҷорӣ гардиданд.

Ҳаҷми даромад аз ҳисоби маблағҳои узвият 3,14 баробар афзоиш ёфт. Даромад аз пардохти хизматрасониҳо 67 фоизи хароҷоти АИО-ро мепӯшонад. Ин нишондиҳанда ба пешрафти ассотсиатсия дар роҳи таъмини мустақилияти молиявии фаъолияти ҷорӣ ишора мекунад ва кор дар самти таҳкими устувории молиявӣ идома дорад.

Тағйиротҳои мазкур ҳамкории ассотсиатсия, истифодабарандагони об ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро тақвият бахшида, заминаи хуберо барои банақшагирии дарозмуддати фаъолияти минбаъда фароҳам овард.

Низоми нави идоракунӣ

Муттаҳидшавӣ ба ташаккули сохтори қавитари институтсионалӣ мусоидат намуд. Ба низоми нави идоракунӣ Маҷлиси умумии аъзоён, Шӯрои ассотсиатсия, Комиссияи тафтишотӣ, Комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо ва Дирексияи иҷроия дохил шуданд.

Ин усул шаффоифиятро дар раванди қабули қарорҳо таъмин намуда, барои ҳисоботдиҳӣ ва ҳимояи манфиатҳои истифодабарандагони об шароити заруриро фароҳам меорад.

Тақвияти иқтидори техникӣ ва имкониятҳои нав

Дар гузашта набудани техникаи махсус яке аз мушкилоти асосии ассотсиатсия буд. Барои тоза кардани каналҳо, ҷӯйборҳо ва иҷрои корҳои таъмирӣ он аксар вақт ба ташкилотҳои беруна вобаста буд.

Бо дастгирии HELVETAS ба Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «А. Бобоев» экскаватор тақдим крада шуд. Имрӯз техникаи худӣ имкон медиҳад, ки каналҳо сари вақт тоза ва инфрасохтори обёрӣ нигоҳдорӣ карда шавад. Ин вобастагӣ аз хизматрасониҳои берунаро коҳиш дода, барои вокуниши фаврӣ ба мушкилоти техникӣ шароити беҳтар фароҳам овардааст.

«Имрӯз вазифаи асосии мо дуруст ва самаранок истифода бурдани ин техника мебошад. Агар он сари вақт ва оқилона истифода шавад, метавонад дар рушди минбаъдаи ассотсиатсия саҳми назаррас гузорад»,- мегӯяд Кенҷабек Хонкелдиев.

Омӯзиш ва баланд бардоштани тахассуси кормандон

Тағйирот танҳо бо такмили сохтори идоракунӣ ва таъмини техника маҳдуд нашуд. Баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии кормандон низ яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ бо лоиҳа буд.

Бо дастгирии HELVETAS ва дигар шарикони рушд барои кормандони ассотсиатсия омӯзишҳои назариявӣ ва амалӣ баргузор гашта, дар онҳо масъалаҳои идоракунии захираҳои об, нигоҳдории шабакаҳои обёрӣ, баҳисобгирии об ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳо баррасӣ шуданд.

Яке аз самтҳои асосии омӯзиш ченкунии ҳаҷми об дар каналҳо буд, зеро идоракунии самараноки об аз донистани ҳаҷми воқеии захираи об қабл аз истифодаи он оғоз меёбад.

Имрӯз кормандон аҳамияти истифодаи оқилонаи обро беҳтар дарк мекунанд. Онҳо ҳамчунин медонанд, ки истеъмоли аз ҳад зиёди об метавонад ба дастрасии захираҳои об ва ҳолати заминҳои кишоварзӣ таъсири манфӣ расонад.

Равиши нави тақсимоти об: қадами дигар ба сӯи шаффофият

Дар фаъолияти гурӯҳи истифодабарандагони оби «Т. Улҷабоев» низоми нави баҳисобгирии об ҷорӣ гардид. Ин гурӯҳ яке аз сохторҳои калонтарини Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «А. Бобоев» мебошад. Дар ҳудуди он канали «Победа» бо дарозии 18 километр ҷойгир аст. Барои таъмини дастрасии одилона ба об канал ба чор қитъа ҷудо карда шуд. Тақсимоти об аз қисми поёнии канал оғоз мешавад. Барои ҳар як қитъа гурӯҳҳои истифодабарандагони об ташкил шудаанд. Ҳар гурӯҳ аз 15-20 нафар иборат аст. Роҳбари гурӯҳ ҳаҷми оби гирифташударо дар дафтари махсус қайд мекунад. Аз ҷумла дар ин дафтар нишон дода мешавад, ки гурӯҳ дар рӯзи муайян чӣ қадар об гирифтааст. Пас аз анҷоми навбати як гурӯҳ, ҳуқуқи истифодаи об ба гурӯҳи дигар мегузарад.

Қаблан чунин тартиби возеҳ вуҷуд надошт. Истифодабарандагон аксар вақт вобаста ба имкониятҳои худ об мегирифтанд. Ин ҳолат баъзан боиси норозигӣ ва баҳс мешуд. Баҳисобгирии мунтазам акнун ба тақсимоти одилона ва шаффофи об мусоидат менамояд.

«Ҳоло мо медонем, ки ҳар як гурӯҳ чӣ қадар об гирифтааст. Ҳама чиз дар дафтар қайд шуда, ба шаффофият мусоидат менамояд. Ин яке аз муҳимтарин тағйирот дар фаъолияти мост»,- мегӯяд Кенҷабек Хонкелдиев.

Таҷрибае, ки метавон бо дигарон мубодила кард

Таҷрибаи Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «А. Бобоев» нишон медиҳад, ки муттаҳидсозии гурӯҳҳои истифодабарандагони об метавонад ҳамкориро дар ҳалли муштараки мушкилот тақвият диҳад.

«Мо таҷрибаи худро оид ба муттаҳидшавӣ ва ташкили фаъолияти ассотсиатсия ташаккул додем. Ин равандро дар амал гузаштем ва акнун метавонем таҷриба, роҳҳои ҳалли масъалаҳо ва сабақҳои андӯхтаамонро бо дигар истифодабарандагони об мубодила кунем»,- таъкид мекунад Кенҷабек Хонкелдиев.

Дар доираи табодули таҷриба намояндагони минтақаҳои дигар, аз ҷумла вилояти Хатлон, аз ассотсиатсия боздид намуда, бо фаъолияти ассотсиатсия, муттаҳидсозии истифодабарандагони об, ҳуҷҷатгузорӣ ва натиҷаҳои фаъолияти муштарак шинос шуданд. Чунин боздидҳо имкон медиҳанд, ки таҷрибаҳои дар амал санҷидашуда омӯхта шуда, ба шароити маҳаллӣ мутобиқ гардонида шаванд.

Таҷрибаи Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «А. Бобоев» нишон медиҳад, ки ҳамкории муташаккили истифодабарандагони об барои ҳалли мушкилот ва рушди фаъолияти онҳо имкониятҳои навро фароҳам меорад. Ин таҷриба гувоҳи он аст, ки идоракунии устувори захираҳои об танҳо ба инфрасохтор вобаста нест. Он шаффофияти идоракунӣ, ҳамкории самаранок, табодули дониш ва масъулияти муштараки истифодабарандагони обро талаб мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД