Сокини 97-солаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Роберт Макафи ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Ӯ пиронсолтарин шахсе гардид, ки тавонистааст дар шароити бевазнӣ (невесомость) парвоз кунад.
Барои иҷрои ин орзу аз ҳавопаймои махсус истифода бурда шуд, ки муҳити монанд ба фазоро фароҳам меорад. Роберт ҳамроҳи наберааш Кейт ба баландии зиёд баромада, чанд дақиқа дар ҳолати бевазнӣ қарор гирифт.
Ин марди солманд иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон буда, баъд аз анҷоми хизмати ҳарбӣ таҳсилоти тиббӣ гирифтааст. Ӯ солҳои зиёд ҳамчун духтур ва баъдан равонпизишк фаъолият намуда, танҳо дар синни 85-солагӣ ба нафақа баромадааст.