formula55
Рейди оммавии муҳоҷирон дар анбори “Wildberries”
28.03.2024
ОИЛА.ТҶ
390

 

Дар як анбори ширкати “Wildberries”-и вилояти Маскав барои тафтиши муҳоҷирон рейди бузург ҷараён дорад.

Онҳо аз кормандон иҷозаи иқомат ва корро санҷида, аз онҳое, ки дорандаи шаҳрвандии Русияанд, билети ҳарбӣ мепурсанд. Ба қавли шоҳидон, онҳоеро, ки билети ҳарбӣ надоранд, ба комиссариатҳои ҳарбӣ мебаранд. Аллакай наздик ба 40 муҳоҷири корӣ боздошт шудаанд.

Дафтари матбуоти бозор хабар додааст, ки полис барои тафтиши ҳуҷҷатҳо дар анбори “Wildberries” дар Электростал рейди оммавӣ анҷом додааст.

«Анбор дар ҳолати муқаррарӣ кор мекунад, санҷиши ҷорӣ ба кори иншоот таъсир намерасонад. Ширкат бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, кумак мерасонад»,- гуфтаанд аз хадамоти матбуоти бозор.

Дар рейд на танҳо пулис, балки кормандони Горди миллии Русия ва комиссариати ҳарбӣ низ ширкат карда, муҳоҷиронро тафтиш мекунанд. Кормандон бояд шиноснома, корти муҳоҷират, иҷозаи иқомат, иқомати муваққатӣ ва билети ҳарбӣ дошта бошанд.

«Онҳо тафтиш мекунанд, ки кӣ дар қайди ҳарбӣ аст ва кӣ аз хидмат саркашӣ мекунад. Онҳоеро, ки аз хизмат гурехтаанд, ба комиссариат мебаранд. Онҳоеро, ки ҳуҷҷат надоранд, ё ҷарима ё ихроҷ мекунанд”,- гуфтаанд кормандони анбор.

Дар ин замина, роҳбарияти ширкат ба ҳамаи кормандон дастур додааст, ки корро қатъ кунанд ва ба хона баргарданд. Дишаб дар ҷойи ҳодиса танҳо занони дорои шаҳрвандии Русия боқӣ мондаанд. Онҳо гуфтаанд, пас аз санҷиш кормандон ба кор бармегарданд.

Дар маҷмуъ, дар тамоми блокҳои анбор 5 ҳазор нафар мавриди санҷиш қарор гирифта, дар ояндаи наздик тамоми анборҳои ширкат ва филиалҳои он санҷида хоҳанд шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД