Дар майдонҳои тенниси Ню-Йорк мусобиқаи охирини мавсими имсолаи Тоскулоҳи бузург - US Open-2026 ба анҷом расид.
Дар рақобатҳои инфиродии занона теннисбози қазоқистонӣ Елена Рибакина пирӯз шуд. Ӯ дар бозии ниҳоӣ ракеткаи рақами якуми ҷаҳон Арина Соболенко аз Беларусро дар се сет бо ҳисоби 6:4, 5:7, 6:2 мағлуб кард. Дар финали мардона теннисбози олмонӣ Александр Зверев, ки дар мусобиқа таҳти рақами аввал ҷой гирифта буд, бар намояндаи ИМА Бен Шелтон бо ҳисоби 6:3, 7:6, 5:7, 6:2 пирӯз шуд. Вохӯрӣ 3 соату 32 дақиқа идома кард.
Александр Зверев аввалин олмоние шуд, ки дар давоми 30 сол унвони «Grand Slam»-ро ба даст овард.