toyota motors
Рӯҳияи хуб - калиди зебоӣ
11.04.2026
Oila.tj
16

Дар фасли баҳор рӯзҳо дарозтар мешаванд ва реҷаи хоб бояд мувофиқ гардонида шавад. Барои он ки субҳ худро бардам ҳис кунед, кӯшиш намоед барвақттар ба бистар дароед. Табибон тавсия медиҳанд, ки на камтар аз 7-8 соат хоб кунед. Барои худ реҷаи муайян созед: то соати 22-23 хоб рафтан, телефон ва телевизорро пешакӣ хомӯш намудан. Хоби сифатнок на танҳо саломатиро беҳтар мекунад, балки ба зебоии пӯст низ таъсири мусбат мерасонад.

Ғизои дуруст интихоб намоед

Баъди зимистон ҷисм ба витаминҳо эҳтиёҷи бештар дорад. Аз ин рӯ, ба хӯроки худ мева, сабзавот ва кабудиҳоро бештар ворид кунед. Кабудиҳои тару тоза (пиёз, кашнич, укроп) манбаи хуби витаминҳо мебошанд. Витамини С, ки барои масуният ва таровати пӯст муҳим аст, дар таркиби нӯшобаи хуч (шиповник), қаланфури ширин, ангат ва смородинаи сиёҳ зиёд аст.

Ҳамчунин, нӯшидани обро фаромӯш накунед: дар як рӯз ҳадди ақал 1,5–2 литр об нӯшидан тавсия мешавад. Субҳро бо як пиёла оби гарм бо асал ё нӯшобаи хуч оғоз кардан хеле муфид аст. Дар баҳор парҳезҳои сахт тавсия дода намешаванд, ҷисм бадан бояд нерӯи худро барқарор кунад.

Субҳро бо шустушӯ оғоз кунед

Шустушӯ бо оби каме сард ё молидани рӯй бо пораҳои ях гардиши хунро беҳтар намуда, пӯстро тароват мебахшад. Ин усул сӯрохиҳои пӯстро танг карда, ранги рӯйро табиӣ ва дурахшон мегардонад. Барои натиҷаи беҳтар метавонед яхро аз гиёҳобҳо (ромашка, календула) тайёр кунед.

Поксозӣ ва нигоҳубини дурусти пӯст

Дар фасли баҳор пӯст ба нигоҳубини махсус ниёз дорад. Барои шустушӯ оби ҷӯшонидашуда ё гиёҳобҳоро истифода баред.

Ҳар 2–3 рӯз истифодаи скраб ё пилинг пӯстро аз ҳуҷайраҳои мурда пок месозад. Ниқобҳои хонагӣ (аз асал, йогурт, меваҳо) пӯстро ғизо медиҳанд.

Муҳим аст, ки аз малҳамҳои намноккунанда ва аз офтоб ҳифзкунанда (SPF) истифода баред, зеро офтоби баҳорӣ низ метавонад ба пӯст таъсири манфӣ расонад.

Рӯҳияро хуб созед!

Зебоии ҳақиқӣ аз даруни инсон оғоз мешавад. Табассум, фикрҳои нек, меҳрубонӣ ва муҳаббат ба атрофиён инсонро зеботар мегардонад. Рӯҳияи мусбат ба саломатӣ таъсири бузург дорад: стресс кам мешавад, пӯст равшантар мегардад ва чашмҳо медурахшанд.

Баҳорро бо дили кушода пешвоз гиред, ба зиндагӣ бо муҳаббат нигаред ва ҳамеша ба беҳтаринҳо умедвор бошед. Зеро зани хушбахт- зани зебост!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД