Ситораи собиқи футболи Бразилия ва дастаи «Реал Мадрид» Роберто Карлос дини исломро қабул кардааст. Дар ин бора 18-уми августи соли 2026 расонаҳои хориҷӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъҳо, ин хабарро вакили парлумони Туркия Алӣ Шоҳин пас аз мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мусулмонони Бразилия дар шаҳри Сан-Паулу расонаӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, шайх Ҷиҳод Ҳаммадеҳ, яке аз чеҳраҳои маъруфи ҷомеаи мусулмонони Бразилия гуфтааст, ки Роберто Карлос чанд вақт боз бо ӯ дар тамос буд.
Гуфта мешавад, футболбози собиқ тақрибан чор ҳафта пеш ба назди шайх Ҳаммадеҳ рафта, шаҳодатайнро ба забон овардааст ва исломро қабул кардааст. Алӣ Шоҳин ӯро ба муносибати ин иқдом табрик намуда, барои ӯ ва оилааш сулҳу саломатӣ орзу кардааст.
Роберто Карлос, ки ҳоло 53-сола аст, яке аз маъруфтарин футболбозони ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ӯ солҳои зиёди фаъолияти худро дар ҳайати «Реал Мадрид» гузаронида, инчунин дар дастаи «Фенербаҳче»-и Туркия бозӣ кардааст.
Бо вуҷуди паҳн шудани ин хабар дар расонаҳо, худи Роберто Карлос то ҳол ба таври мустақим қабул кардани исломро тасдиқ накардааст.