Бо дастгирии молиявии Бонки Осиёии рушд (БОР) ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) роҳи «Данғара - Гулистон» бозсозӣ карда мешавад.
Роҳи мазкур, ки 50 километр дарозӣ дорад, дар доираи барномаи «Долони сабз» навсозӣ карда мешавад. Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо рафти сохтмони қитъаҳои роҳи мошингарди «Данғара - Гулистон» шинос шуда, ба ҷанбаҳои муҳандисии корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Вазир ба роҳсозон дастурҳои мушаххас дода, гуфтааст, ки дар баъзе мавзеъҳо зарурати тахлия ё поксозии қабати замин аз обҳои ҷамъшуда вуҷуд дорад.
Ёдрас мешавем, ки роҳи мазкур солҳои 30-юми асри гузашта бунёд ёфта, солҳои 70-ум таҷдид карда шудааст.
Вазири нақлиёти мамлакат ҳамчунин бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи бунёди қитъаи роҳи «Гулистон - Фархор» шинос шуда, таъкид намудааст, ки сарфи назар аз шароити мураккаби вобаста ба хусусияти геологии ин маҳалҳо, аз ҷумла намуди хок, ки ба бехатарӣ, устуворӣ ва самаранокии лоиҳа таъсир мерасонанд, корҳои сохтмонӣ бояд дар муҳлати муқарраргашта бо сатҳу сифати баланд ба итмом расонида шаванд.