Commerc banl
Ронандаи “HOWO” барои ифлос кардани роҳ ҷарима шуд
16.03.2026
Oila.tj
63

Барои дағалона вайрон намудани қоидаҳои экологию санитарӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи экологӣ ва сайёҳии милитсияи пойтахт шаҳрванд Давлатов Наврӯз - ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи HOWO”, рақамҳои давлатиаш 5449ЕМ01 боздошт гардидааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, чуноне дар навор дида мешавад, маҳсулоти сохтмонӣ дар роҳи нақлиётгард пош хӯрда, боиси ифлосшавии роҳ гаштааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда бо моддаи 291 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД