35 years of independency
Ронандаи «Тайота» барои ҳаракати хатарнок ҷарима шуд
01.09.2026
Oila.tj
55

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота» барои чанд маротиба дидаву дониста сурх гузаштани чароғаки роҳнамо ва эҷоди ҳолати хатарнок дар роҳ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.

Бино ба маълумоти Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе, дар асоси навори ирсолнамудаи як шаҳрванд кормандони бозрасии милитсияи пойтахт ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота» Иброҳимзода Тахминаро, ки воситаи нақлиёташ рақами қайди давлатии 2008DR20 дорад, муайян ва боздошт кардаанд.

Тавре дар навор дида мешавад, ронанда ҳангоми ҳаракат талаботи чароғаки сурхи роҳнаморо чанд маротиба риоя накарда, бо чунин тарзи ронандагӣ барои худ ва дигарон ҳолати хатарноки садамавӣ ба вуҷуд овардааст.

Дар натиҷа, нисбат ба Иброҳимзода Т. тибқи моддаи 318-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима татбиқ гардидааст.

Мақомоти дахлдор аз ронандагон даъват мекунанд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя кунанд. Зеро як лаҳза беэътиноӣ ба чароғаки роҳнамо метавонад на танҳо ба ҷарима, балки ба садама ва оқибатҳои ҷиддӣ оварда расонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД