goodwell
Роҳҳои ҷавону зебо мондан пас аз 50-солагӣ
23.05.2026
Oila.tj
47

Бисёриҳо гумон мекунанд, ки пас аз 50-солагӣ нигоҳ доштани зебоӣ танҳо бо ҷарроҳии пластикӣ имконпазир аст. Аммо мутахассисон мегӯянд, ки ин андеша дуруст нест. Барои нигоҳ доштани ҷавонӣ кофист тарзи нигоҳубини пӯст тағйир дода шуда, воситаҳои мувофиқи косметикӣ интихоб гарданд.

Бо гузашти синну сол ва кам шудани гормонҳои занона дар организм на танҳо вазъи саломатӣ, балки намуди зоҳирии зан низ дигар мешавад. Пӯст, ки узви вобаста ба гормонҳо ба ҳисоб меравад, нозуктар, хушктар ва ҳассостар мегардад.

Кадом косметика барои занони 50+ мувофиқ аст?

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми интихоби косметика ба таркиби он диққат дода шавад. Маҳсулоте, ки ретинол ва кислотаҳои алфа-гидроксӣ доранд, барои навшавии ҳуҷайраҳои пӯст мусоидат мекунанд. Онҳо ҷилои пӯстро баргардонида, чинҳои майда ва доғҳои синнусолиро камтар менамоянд.

Бо вуҷуди самаранок будан, ретинол бояд эҳтиёткорона истифода шавад, зеро метавонад сурхшавӣ ва хушкшавии пӯстро ба вуҷуд оварад. Барои нафароне, ки пӯсти ҳассос доранд, истифодаи бакучиол - ивазкунандаи гиёҳии ретинол мувофиқтар аст. Ин модда таъсири нармтар дошта, илтиҳобро камтар ба вуҷуд меорад.

Пептидҳо ва антиоксидантҳо чӣ фоида доранд?

Пептидҳо молекулаҳои хурди сафедагӣ буда, ба истеҳсоли коллаген ва эластин кумак мекунанд. Маҳз ҳамин моддаҳо пӯстро зич ва чандир нигоҳ медоранд. Илова бар ин, баъзе пептидҳо метавонанд чинҳои мимикиро кам намоянд.

Антиоксидантҳо низ барои пӯсти синнусолӣ бисёр муҳиманд. Онҳо ҳуҷайраҳоро аз таъсири радикалҳои озод, ки дар натиҷаи офтоби зиёд ва стресс пайдо мешаванд, муҳофизат мекунанд. Витамини C, ниацинамид ва ресвератрол аз ҷумлаи моддаҳои сертаъсир ба шумор мераванд.

Агар пӯст сурх шавад…

Дар давраи менопауза бисёр занон аз сурхшавӣ ва ҳассос шудани пӯст шикоят мекунанд. Дар чунин ҳолат воситаҳое, ки иқтибоси каштани аспӣ, гинкго билоба ё сентеллаи осиёӣ доранд, метавонанд ба ором шудани пӯст ва мустаҳкам шудани рагҳо мусоидат намоянд.

Ҳамчунин барои кам кардани доғҳои синнусолӣ истифодаи маҳсулоти дорои витамини C, арбутин ва кислотаи койӣ муфид аст.

Намноккунӣ - қоидаи асосӣ

Бо зиёд шудани синну сол пӯст намиро зуд аз даст медиҳад. Аз ҳамин сабаб истифодаи кремҳо ва ниқобҳои серғизо, ки равғанҳо ва моддаҳои нигоҳдорандаи намӣ доранд, хеле муҳим аст. Чунин воситаҳо на танҳо пӯстро нарм мекунанд, балки қабати муҳофизатии онро низ барқарор месозанд.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки нигоҳубини дуруст метавонад ҳатто баъди 50-солагӣ пӯстро тару тоза, солим ва ҷаззоб нигоҳ дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД