sebiston july new
Роҳҳои оштӣ шудан бо шавҳар баъди ҷанҷоли сахти оилавӣ
1454

Зиндагӣ бе пастию баландӣ намешавад ва хоҳ-нохоҳ байни зану шавҳар гоҳ-гоҳ нофаҳмию ҷангу ҷанҷол сар мезанад. Албатта моҷароҳои майда-чӯйда мисли абри баҳорӣ зуд гузашта мераванд, вале баъди ҷанҷоли сахти оилавӣ дунё дар назари кас якбора тираву тор мегардад. Хаёл мекунӣ, ки ҳама чиз тамом шуд ва ба ҷуз ҷудоӣ дигар роҳе намондааст, аммо...

Барои вайрон кардани оилаи худ саросема нашавед. Беҳтараш ақли солимро кор фармуда, талош намоед, ки бо шавҳартон оштӣ шавед. Барои ин чӣ бояд кард?

Навмед нашавед

Бо ҳам ҷангу даъво кардани зану шавҳар маънои онро надорад, ки онҳо ҳамдигарро чашми дидан надоранд. Шавҳаратон вақти ҷанҷол гапҳое зад, ки ба дили шумо мисли ханҷар халиданд? Албатта аз забони шахси дӯстдошта чунин гапҳоро шунидан аламовар аст, вале кӯшиш кунед, ки дарду алами худро як сӯ гузошта, сабаби чунин рафтор карданашро фаҳмед.

Худатонро ба ҷойи шавҳаратон гузоред

Барои оштӣ шудан бо шавҳаратон худро як лаҳза дар ҷойи ӯ гузоред. Ба моҷаро бо чашми мард нигариста, шумо сабаби оташ гирифтани шавҳаратонро мефаҳмед. Шумо бояд ҳис кунед, ки ин моҷаро ба мард чӣ таъсир расонидааст ва аз дили ӯ дар ин лаҳзаҳо чӣ мегузарад.

Барои оштишавӣ қадами аввалинро гузоред

Аксари занҳо бар он андешаанд, ки баъди ҷангу ҷанҷол мард бояд аввалин шуда барои оштишавӣ кӯшиш намояд, вале ин андеша комилан ғалат аст. Мардҳо табиатан гарданшах ва мағрур мешаванд, бинобар ин, қадами аввалро барои оштишавӣ бояд зани оқилаву доно гузорад.

Баҳс не, меҳрубонӣ кунед

Дар чунин ҳолатҳо баҳс кардан сари мавзӯи кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ аслан маънӣ надорад. Баҳсу мунозира метавонад баръакс оташи хомӯш гаштаи моҷароро дубора аланга диҳад. Ба ҷойи ин беҳтараш дар ҳаққи шавҳаратон ғамхорӣ намоед, ягон хӯроки дӯстдоштаашро пухта, шомгоҳон дастурхони пурнозу неъмат ороед ё барояш сюрприз кунед.

Бо ин роҳ шумо ба шавҳаратон нишон медиҳед, ки новобаста ба нофаҳмию ҷангу ҷанҷоле, ки байнатон шуда гузашт, ҳанӯз ҳам ӯро дӯст медоред ва бахти худро аз даст додан намехоҳед.

Оромона сӯҳбат кунед

Вақте эҳсос кардед, ки мард нармтар шудааст, метавонед бо ӯ дар бораи моҷарои гузашта сӯҳбат намоед, вале ба ҳеҷ ваҷҳ шавҳаратонро номарду хиёнаткор гуфта, паст назанед. Доду вой накарда, оромона ранҷиш ва эҳсосоти худро ба мард фаҳмонед, то дарк намояд, ки то кадом андоза дили шуморо озор додааст.

Гапи мардро набуред!

Чизи аз ҳама муҳим ҳангоми суҳбат оромона гӯш кардан ба суханони мард аст. Ба назаратон гуфтаҳои шавҳаратон ноҳақ тобанд ҳам, гапи ӯро набуред, имкон диҳед, ки мард сабаби норозигии худро бигӯяд. Ин барои фаҳмидани хатои худатон ба шумо ёрӣ медиҳад.

Ба ҷойи таъна задан чӣ хостанатонро гӯед

Аз ҳамдигарро гунаҳкор кардан суде нест. Ба ҷойи таънаву маломат задан ошкоро ба мард бигӯед, ки шумо аз вай чиро интизор ҳастед ва зиндагии ояндаатонро чи гуна дидан мехоҳед. Аз шавҳаратон хоҳиш кунед, ки ӯ ҳам аз шумо чи хостанашро бигӯяд.

Бахшиш пурсед, агар...

Маъмулан баъди ҷанҷоли оилавӣ зану шавҳар гуноҳро ба сари ҳамдигар бор карда, кӯшиш мекунанд, ки аз худ мусичаи бегуноҳ тарошанд, вале барои оштӣ шудан ҳар як шахс бояд хатои худро қабул карда тавонад. Эҳсос намоед, ки хато аз шумо гузаштааст, ҳатман барои суханони ноҷои ба забон овардаатон аз мард бахшиш пурсед. Ин барои дубора ба даст овардани дили шавҳар ва барқарор сохтани муносибатҳои хуби оилавӣ ба шумо ёрӣ мерасонад.

Ин буд чанд тавсия дар боби муносибатҳои оилавӣ.

Хушбахт бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД