Arzon march 2024
Рулети бе тафдон
2810

 

Маҳсулоти лозима:

  • 300 грам – печен
  • 140 грам - шир
  • 60 грам – маска
  • 7 грам – какао

Барои ороиш:

  • 300 грам – қаймоқ
  • 100 грам – хокаи шакар
  • 80 грам – шоколад

Тарзи таҳия:

Дар аввал печенҳоро дар блендер андохта майда мекунем ё бо ғалтак майда кунед ҳам мешавад. Пасон дар зарф гирифта, маскаро об карда илова мекунем какао ва шир илова карда хуб омехта мекунем. Тайёр, ки шуд, болояшро пӯшонда 10 дақиқа дам медиҳем.

Барои ороиш қаймоқ ва хокаи шакарро бо миксер лат мезанем. Баъдан хамирро дар болои қоғази пергамент гирифта дар шакли чоркунҷа тунук мекунем ва малҳам молида, мепечонем.

Рулет, ки омода шуд, 2 соат дар яхдон мегузорем ва пас аз он болояшро бо шоколад оро медиҳем.

Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД