sebiston july new
Рушди соҳаи сайёҳӣ дар ВМКБ баррасӣ мешавад
3079

26 июл дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон»  конференсияи илмӣ-амалӣ оғоз гардид. Дар ин хусус рӯзномаи "Нигини Хоруғ" дар саҳифаи фейсбукаш иттилоъ дод.

Ба иттилои ин нашрия, нахуст ҳайати иштирокчиёни конференсия  намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи сайёҳиро тамошо намуданд.

Дар конференсия масъалаҳо вобаста ба афзалияти соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, обҳои шифобахш-омили рушди сайёҳӣ дар Бадахшон, тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳҳои рушди инфрасохтор дар Бадахшон, рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ ва шикор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ғайра баррасӣ шуд.

Таъкид карда шуд, ки табиати нотакрору биҳиштосо, таърихи бостониву ғанӣ, хосиятҳои шифобахши ҳаво ва чашмаҳои маъданӣ, фарҳанги хоси меҳмоннавозии мардум, меваҳои шаҳдбор, мавзеъҳои табиӣ ва таърихӣ Тоҷикистонро ба макони  зебоӣ ва фароғати сайёҳони дохилию хориҷӣ табдил додааст. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои иқтидори бойи сайёҳӣ буда, дар оянда метавонад барои рушди туризми экологӣ ва таърихию фарҳангӣ саҳми намоён гузорад.

"Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақае ҷой гирифтааст, ки аз лиҳози таърихӣ яке аз сарзаминҳои куҳани маскани инсоният маҳсуб мешавад. Ин сарзамине аст, ки бо маҳбубияти таърихии хеш диққати садҳо муҳаққиқу сайёҳони ҷаҳонро ҷалб намудааст. Маҳз ёдгориҳои бузурги таърихии давлати мо яке аз нишонаҳои таърихи куҳан доштани тоҷикон ва тамаддунофар будани ниёгони мо ба ҳисоб мераванд. Инҳо ёдгориҳое мебошанд, ки таърихи ташаккул ва рушди тамаддуни ниёгони тоҷиконро дар марҳилаҳои муайяни таърихӣ собит месозанд", - гуфтанд масъулин.

Дар конференсия гуфта шуд, ки имрӯз сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳони муосир мебошад, ки дар таъмини аҳолӣ бо ҷои кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим дорад. Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018  бо мақсади пешбурд ва оммавигардонии соҳаи сайёҳӣ «Стратегияи рушди сайёҳӣ  барои давраи то соли 2030»  қабул гардид. Мақсади стратегияи мазкур таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Конференсияи ҷумҳуриявӣ аз рӯи  3 панел ду рӯз идома меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД