Русия дастрасиро ба Telegram ва WhatsApp маҳдуд мекунад
127

Ба операторони алоқаи Русия дастур дода шудааст, ки интиқоли SMS ва зангҳои телефониро, ки барои сабти номи корбарони нав дар Telegram ва WhatsApp истифода мешаванд, қатъ намоянд. Дар ин бора лоиҳаи “Коди Дуров” хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манобеи нашрия, ин метавонад кушодани аккаунтҳои навро дар шабакаҳои номбурда ғайриимкон ва дастрасиро ба барномаҳои мавҷуда мушкил гардонад.

Акнун ба корбарон лозим меояд, ки барои дастрасӣ ба ин шабакаҳо усулҳои алтернативии авторизатсия, ба монанди гирифтани код тавассути почтаи электронӣ ё дастгоҳи дигарро истифода баранд.

Дар хабар гуфта шудааст, ки SMS-паёмҳои Telegram ба ҳама рақамҳои Русия расонида намешаванд ва баъзе операторҳо аллакай интиқоли онҳоро комилан қатъ кардаанд. Аммо ширкатҳои бузурги мобилии Русия ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ё инкор накардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД