shoh palace
Русия: Ронандаи тоҷикро барои садама 10-сол зиндон карданд!
575


Додгоҳи вилояти Брянски Русия ҳукми як ронандаи тоҷикро, ки бо айби ӯ дар як садама дар ин вилоят як ҷавону як духтар ба ҳалокат расиданд, 10-сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Бино бар хулосаи тафтишот ва додгоҳ, айбдоршаванда дар ҳолати мастӣ аз машрубот ва маводи мухаддир сари чанбари фармони мошини тамғаи “Шевроле Круз” нишаста, мошинро бо суръати баланд рондааст ва дар натиҷа ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба як мошини “Мазда” бархӯрдааст. Ронандаи 22-солаи “Мазда” дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст, духтари 20-солаи мусофири ин мошин бошад, дар роҳ ба сӯйи бемористон ҷон дод.

Хадамоти матбуоти додгоҳи вилояти Брянск дар гузориши худ мегӯяд, ронандаи “Шевроле” гуноҳи худро эътироф накарда, дар додгоҳ пойфишорӣ кардааст, ки арақу пиво ва маводи мухаддирро як рӯз қабл аз ҳодиса истеъмол карда буд ва он рӯзе, ки садама рух дод, ҳушёр буд, вале додгоҳи Дятков ӯро гунаҳкор дониста ба 10 соли маҳбас маҳкум намуд.

Ронандаи тоҷик ҳамчунин муваззаф шудааст, ки ба наздикони қурбониёни садама 4 миллион рубл (беш аз 60 ҳазор доллар) ҷуброн пардохт кунад. Дар ин бора Бомдод хабар додааст.

Ба иттилоъи манбаъ, хешовандони қурбониёни садама аз ин ҳукм норозигӣ карда, ба додгоҳи вилоятӣ шикоят оварданд ва талаб карданд, ки ронандаи гунаҳкор ҷазояшро дар маҳбаси воқеӣ адо кунад, на дар маҳбаси сукунатӣ, ки шароиташ нисбат ба маҳбасҳои воқеӣ хеле сабуктар аст. Додгоҳи вилояти ин талаби онҳоро қонеъ сохт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД