formula55
Русҳо дар Душанбе дарсҳои маҳорат баргузор мекунанд
12.04.2024
ОИЛА.ТҶ
426

 

Ҷониби Русия тасмим гирифтааст, ки Мактаби байналмилалии театрии ба номи Александринский (Театри миллии драмавии Русия)-ро дар шаҳри Душанбе баргузор намояд.

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Русия, атрофи ин мавзуъ дар мулоқоти сафири кишвари мо дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо директори театри русӣ Сергей Емелянов сухан гуфта шудааст.

Гуфта мешавад, ки баргузории Мактаби байналмилалии театрии ба номи Александринский дар Душанбе аз 24 то 27-уми апрел дар назар аст.

Зимни суҳбат ҷонибҳо инчунин масъалаҳои кунунии густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаи фарҳанг, аз ҷумла ташкил ва баргузории сафарҳои табодули театрҳо, дастаҳои мусиқӣ, намоишгоҳҳои ҳунарии ду кишвар, инчунин густариши ҳамкориҳои байни муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат баррасӣ кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД