arzon replenishment
РУСТАМ НАЗАРЗОДА: КАСЕ ДАР ДАРЁВУ КУЛҲО ВА ДИГАР ИНШООТИ ОБИИ МАМНӮЪ ШИНОВАРӢ КУНАД, ҶАЗО ДОДА МЕШАВАД
1961

Одатан дар фасли тобистон нафарони зиёд ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо ғарқ мешаванд. Ҳангоми нишасти матбуотӣ раиси КҲФ Рустам Назарзода аз афзоиши шумораи ғарқшудагон дар обҳои кишвар ибрози нигаронӣ намуда, гуфт: “сарфи назар аз муттасилу пайваста роҳандозӣ шудани чорабиниҳои мухталиф, гузаронидани рейдҳо, мулоқот бо истироҳаткунандагон ва суҳбат бо онҳо, интишори мақолаҳо дар нашрияҳо, барномаҳо ба телевизион ва радио мутаассифона, боз ҳам дар иншоотҳои обӣ одамон ба ҳалокат мерасанд”.

Инчунин зикр гардид, ки дар дарёву кӯлҳои кишвар 34 (соли 2019 – 57) нафар ҷони худро аз даст доданд. Аз байни онҳо синну соли 2 нафар то 4 сола, як нафар тақрибан аз 5 то 10-сола, 8 нафар аз 11 то 16-сола, 16 нафар аз 17 то 35-сола буда, 7 нафари онҳо аз 35-сола боло мебошанд.

Интизор меравад, ки дар оянда нафароне, ки дар дарёву кӯлҳо, обанбор ва дигар иншооти обие, ки барои шиноварӣ манъ шудааст, агар оббозӣ намоянд, ҷазо дода хоҳанд шуд.

“Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ин маврид лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ омода намуда, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Тибқи он, шахсоне, ки дар ҷойҳои барои шиноварӣ мамнӯъ оббозӣ менамоянд, ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз онҳо ҷарима ситонида шавад”,-афзуд Рустам Назарзода.

Қобили зикр аст, ки як рӯз қабл аз канали калони Ҳисор, шафати “Кӯли Ҷавонон”ҷасади як ҷавони 25-солаи шаҳрванди Туркманистон Сариев Пирхат ёфт шуд.
Бино ба иттилои КҲФ Сариев Перхат зодаи Туркманистон буда, муваққатан дар шаҳри Душанбе мезистааст.
Бина ба ҳамин хабар, шаҳрванди Туркманистон рӯзи 8-уми июли соли равон ҳангоми оббозӣ аз баландии 5-6 метр худро ба дарёи Душанбе ҳаво додааст ва чун сараш сахт зарб хӯрда буд, дар об ғарқ мешавад.
Ин ҳодиса қарибиҳои бегоҳи рӯзи 8 июл дар наздикии бинои Донишгоҳи миллӣ рух додааст. Ҷасади ӯ дар пайи ҷустуҷӯйиҳо 2-ҳафтаина билохира ёфт шуд.
“Дирӯз 23 июли соли 2020 як сокини деҳаи Ниҳолпарвари ноҳияи Шаҳринав низ дар оби дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст”-хабар медиҳад маълумоти сардори Бахши Кумитаи ҳолатҳои ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ҳисор .
Номбурда бо ҳамроҳии се нафар рафиқонаш барои табобат ба деҳаи Конинамак, ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор рафтаанд. Баъдан ба соҳили дарёи Кофарниҳон рафта, хостаанд оббозӣ кунанд. Аммо бар асари риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ дар қисмати поёнии деҳаи Шарофободи ҷамоати деҳоти Ориён, дар дарёи Кофарниҳон ғарқ мешавад.
Гуфта мешавад, ки мавсуф ҳамагӣ 30 сол доштааст. Ҳарчанд 50 нафар дар соҳилҳо ва чандин тани дигар савори 6 заврақ ҷасади ӯро меҷустанд, вале кофтуков ягон натиҷа надод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД