goodwell
Рӯзи Ғалабаро дар Суғд 8-уми май ҷашн мегиранд
06.05.2026
Oila.tj
53

Ба ифтихори Рӯзи Ғалаба, ки ҳамасола 9-уми май таҷлил мегардад, дар вилояти Суғд як қатор чорабиниҳо баргузор мешаванд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, чорабинии вилоятӣ санаи 8-уми май, соати 8:00 дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҶБВ, дар мавзеи Панҷшанбе бо иштироки роҳбарияти вилоят, намояндагони касбу кори гуногун, собиқадорон ва сокинон баргузор хоҳад шуд.

Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона санаи 8-уми май, соати 9:00 ташкил ва баргузор мегарданд.

Гуфта мешавад, ки айни замон дар вилояти Суғд ҳамагӣ 2 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд ва ҳарду сокини ноҳияи Деваштич мебошанд. Барои қадршиносии ду иштирокчии ҶБВ имсол аз ҷониби раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода 50 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо карда шудааст.

Ҳамчунин, ба 39 нафар иштирокчиёни ақибгоҳ низ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, дар умум 390 000 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД