Агентии обуҳавошиносӣ хабар дод, ки рӯзҳои 26-28-уми май дар баъзе минтақаҳои кишвар эҳтимоли боронҳои шадид ва омадани сел вуҷуд дорад.
Дар ин маврид, аз ҷумла ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Суғд, Хатлон ва ғарби ВМКБ ишора мешавад.
Азбаски Иди Қурбон имсол ба 27-уми май рост меояд, аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки ҳангоми сафар ва истироҳат дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.