Arzon march 2024
Рӯзи омадани Роналду ба Душанбе маълум шуд
407

Рӯзи омадани ситораи футболи ҷаҳон Криштиану Роналдо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум шуд. Дар ин бора Муҳсин Муҳаммадиев, муовини раиси клуби футболи “Истиқлол” хабар дод.

Тибқи иттилои Муҳаммадиев, «Истиқлол»-и Душанбе тибқи қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24, дар гурӯҳи “Е” бо «Персеполис»-и Эрон, «Ал-Дуҳайл»-и Қатар ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бозӣ хоҳад кард.

“Ин барои мухлисони футболи тоҷик хурсандии калон аст. Зеро чунин дастаи пурситора, ки дар ҳайати он футболбози машҳур Криштиану Роналду ҳам бозӣ мекунад, ба Душанбе меояд. Дастаҳои дигар низ пурзӯранд. Мекӯшем, ки муқобили онҳо футболи зебо нишон диҳем”, - гуфт Муҳаммадиев

Тибқи тақвими мусобиқа бозии якуми “Ан-Наср” ва “Истиқлол” рӯзи 2 октябр дар меҳмонӣ доир шуда, бозии ҷавобӣ 5 декабр дар шаҳри Душанбе доир мешавад.

Майдони баргузории рақобат дар кишвари мо Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе аст.

Ҳамин тавр, бошгоҳи "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ, ки Криштиану Роналду дар он бозӣ мекунад, рӯзи 5-уми декабр вориди шаҳри Душанбе мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД