goodwell
Сабабҳои сафедшавии мӯйи сар
16.05.2026
Oila.tj
82

Сафедшавии мӯйи сарро аксарият нишонаи пирӣ медонанд, вале табибони трихолог мегӯянд, ки агар мӯй то синни 30-35-солагӣ сафед шавад, ин метавонад аз тағйироти дохилии организм дарак диҳад. Ранги мӯй аз моддаи махсусе бо номи меланин вобаста аст. Ҳангоми кам шудани истеҳсоли меланин мӯй ранги табиии худро гум карда, сафед ё хокистарӣ мегардад.

Стресс - душмани рақами яки мӯй

Табибон стрессро яке аз омилҳои асосии сафедшавии бармаҳали мӯй мешуморанд. Ҳангоми асабонияти шадид ё изтироби тӯлонӣ рагҳои хунгард танг мешаванд ва гардиши хун дар пӯсти сар суст мегардад. Дар натиҷа решаи мӯй ғизои кофӣ намегирад. Аз ҳамин сабаб қисми мӯйҳо мерезанду қисми дигар сафед мешаванд.

Бисёр нафарон баъди аз сар гузарондани мушкилоти сахти зиндагӣ, ҷудоӣ, талафоти наздикон ё фишори равонӣ мушоҳида мекунанд, ки мӯйҳояшон зуд сафед шуда истодааст. Аммо мутахассисон таъкид мекунанд, ки ин раванд одатан якбора не, балки тадриҷан ба амал меояд.

Норасоии витамин ва сафеда

Яке аз сабабҳои маъмули сафедшавии мӯй дар ҷавонон норасоии сафеда ва витаминҳо мебошад. Хусусан дар духтарони 17–25-сола камхунӣ, парҳезҳои сахт ва ғизои нодуруст ба заифшавии мӯй оварда мерасонанд.

Барои солим нигоҳ доштани мӯй ба организм витаминҳои гурӯҳи В, оҳан, руҳ, калсий ва сафеда зарур аст. Аз ҳамин хотир бештар гӯшт, моҳӣ, тухм, маҳсулоти ширӣ, лӯбиёгиҳо, сабзавоти сабз ва меваҳоро истеъмол намудан тавсия дода мешавад.

Бемориҳо низ таъсир мерасонанд

Баъзан сафедшавии мӯй метавонад нишонаи баъзе бемориҳо бошад. Иллатҳои меъдаву рӯда, ғадуди сипаршакл, дилу рагҳо, инчунин камхунӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо ба ранги мӯй таъсир мерасонанд. Аз ҳамин сабаб, агар мӯй ногаҳон ва бармаҳал сафед шавад, беҳтар аст аз муоинаи тиббӣ гузаред.

Мӯйи сафед дубора сиёҳ мешавад?

Мутахассисон мегӯянд, ки дар баъзе ҳолатҳо ранги табиии мӯй қисман барқарор шуда метавонад. Масалан, агар сафедшавӣ бар асари стресс, ҳомиладорӣ ё хастагии шадид ба вуҷуд омада бошад, баъди беҳтар шудани вазъи равонӣ ва саломатӣ мӯй метавонад дубора ранги пешинаашро бигирад. Аммо агар сабаб ирсӣ ё вобаста ба синну сол бошад, бозгашти ранги мӯй хеле душвор аст.

Омили ирсӣ

Ирсият дар сафедшавии мӯй нақши калон дорад. Агар падар ё модаратон дар ҷавонӣ мӯйсафед шуда бошанд, эҳтимоли зиёд дорад, ки шумо низ бо ҳамин мушкил рӯ ба рӯ гардед. Дар чунин ҳолат пешгирии пурра имконнопазир аст, вале бо нигоҳубини дуруст метавон ин равандро каме суст кард.

Чӣ бояд кард?

Пешгирӣ ҳамеша аз табобат осонтар аст. Барои солим нигоҳ доштани мӯй табибон чунин тавсия медиҳанд:

Ғизои мутавозин истеъмол намоед;

Аз стресс ва асабонияти зиёд дурӣ ҷӯед;

Хоби кофӣ кунед;

Дар фасли сармо бе кулоҳ нагардед;

Аз истифодаи зиёди ранг, “утюжок” ва фен худдорӣ намоед;

Шампун ва воситаҳои нигоҳубини мӯйро бо маслиҳати мутахассис интихоб кунед.

Дастурҳои халқӣ то куҷо фоида доранд?

Дар тибби халқӣ барои пешгирии сафедшавии мӯй истифодаи баъзе гиёҳҳо тавсия мешавад. Масалан, нӯшидани шарбати решаи ҷаъфарӣ (петрушка), инчунин истеъмоли зардолу, олуболу, нок, қулфинай, карам ва пиёз барои мустаҳкам шудани мӯй муфид дониста мешавад.

Мутахассисон ҳамчунин тавсия медиҳанд, ки организмро бо витаминҳои А, С, Е ва витаминҳои гурӯҳи В таъмин намоед. Аммо пеш аз истифодаи дору ё витамин ҳатман бо табиб маслиҳат кунед.

Мӯйи сафедро наканед!

Бисёриҳо бо дидани мӯйи сафед онро мекананд, вале ин одат метавонад ба решаи мӯй зарар расонад. Табибон мегӯянд, ки кандани мӯй шумораи мӯйҳои сафедро зиёд намекунад, аммо метавонад боиси заиф шудани реша ва ҳатто рехтани мӯй гардад. Агар мӯйи сафед шуморо нороҳат кунад, беҳтараш онро бо қайчии хурд эҳтиёткорона кӯтоҳ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД