toyota motors
Сабки хоси нигини санъати тоҷик
128

Нигина Амонқулова - Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон аз сарояндагони маъруфу хушовози саҳнаи муосири тоҷик аст. Ӯ бо сабки хоси эҷодӣ, овози дилнишин ва таронаҳои пурмуҳтаво миёни ҳаводорони савту наво маҳбубияти зиёд пайдо кардааст.

Нигина Амонқулова аз зумраи сарояндагони муваффақ буда, дар Тоҷикистону берун аз он мухлисони зиёд дорад. Яке аз вижагиҳои фаъолияти ӯ ҳамкории зич бо дигар санъаткорон мебошад. Нигина Амонқулова дар тӯли фаъолияти худ бо бисёр ҳунармандони маъруф дуэт сароида, асарҳои ҷолибу хотирмон ба мухлисон пешкаш кардааст, ки онҳо дар миёни шунавандагон маҳбубияти хос доранд. Ин навбат мо дуэтҳои дилнишини Нигина Амонқуловаро ҷамъоварӣ кардем.

"Беҳуда мегӯӣ сухан"

"Беҳуда мегӯӣ сухан" яке аз аввалин дуэтҳои Нигина Амонқулова мебошад. Ӯ ин таронаро соли 2010 бо Файзалӣ Фозил сурудааст. Суруд дар муддати кӯтоҳ миёни мухлисон маҳбубият пайдо намуда, беш аз 306194 тамошобинро ҷалб кардааст.

"Дунё", "Ману ту"

Ҳамчунин, дуэтҳои "Дунё" ва "Ману ту" бо Хусрав Амонқулов аз ҷумлаи таронаҳои муштараки ин сароянда мебошанд. Дуэти «Дунё» соли 2013 дар шабакаи “Ютуб” нашр шуда, онро 112145 маротиба тамошо кардаанд. Таронаи "Ману ту" бошад, соли 2015 эҷод гардидааст.

"Дар гилум"

Соли 2013 Нигина Амонқулова бо сарояндаи маъруфи тоҷик Шуҳрат Сайнаков дуэти ҷолиб ва хотирмонеро пешкаши мухлисон намуданд. Тарона "Дар гилум" ном дошта, бо оҳанги дилнишин ва матни пурмазмун миёни шунавандагон зуд маҳбубият пайдо кард. Ин таронаи дилнишинро то имрӯз дар “Ютуб” 291867 нафар тамошо кардаанд.

"Эй ватан"

"Эй Ватан" яке аз дуэтҳои таъсирбахши Нигина Амонқулова бо сарояндаи маҳбуби тоҷик Тобиш Ҳилолӣ ба ҳисоб меравад. Ин суруд бо эҳсоси гарми ватандорӣ сароида шуда, муҳаббат ба Ватан, ифтихор аз сарзамин ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро инъикос мекунад. Қобили зикр аст, ки Нигина Амонқулова дар эҷодиёти худ бештар ба сурудҳои ватандӯстона таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ӯ бо таронаҳои худ кӯшиш менамояд, ки ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба Тоҷикистони азизро дар дили шунавандагон тақвият бахшад. "Эй Ватан" низ яке аз намунаҳои барҷастаи он ба шумор меравад.

"Моҳи Зарафшон", "Ялалум", "Мавригӣ"...

Сарояндагони маъруфи тоҷик Нигина Амонқулова ва шодравон Дамирбек Олимов аз ҷумлаи ҳунармандоне мебошанд, ки дуэтҳои зиёди машҳур ва маҳбубро пешкаши мухлисон намудаанд. Аз ҷумла, таронаҳои "Моҳи Зарафшон", "Ялалум", "Мавригӣ", "Зиндагӣ" ва "Ранҷидаӣ" аз беҳтарин ҳамкориҳои эҷодии онҳо ба шумор мераванд.

"Афсона"

"Афсона" дуэти дигари Нигина Амонқулова бо сарояндаи маъруф Далер Хонзода мебошад. Ин тарона ба мавзуи ишқу ошиқӣ бахшида шуда, эҳсосоти нозуку самимии дилдодагонро ба таври таъсирбахш инъикос мекунад. Суруд соли 2016 эҷод гардида, соли 2017 дар шабакаи “Ютуб” нашр шудааст.

"Гул ба рӯяте"

Дуэти "Гул ба рӯяте"-и Нигина Амонқулова ва Фотима Машрабова яке аз таронаҳои зебою пурэҳсос ба шумор меравад. Ин суруд соли 2016 эҷод гардида, бо мазмуну оҳанги дилнишини худ дар дили шунавандагон ҷой гирифтааст. Пас аз эҷоди тарона Нигина Амонқулова ва Фотима Машрабова онро борҳо дар саҳнаҳои гуногун ва консертҳои зинда якҷоя иҷро намудаанд, ки ҳар дафъа бо истиқболи гарми мухлисон рӯ ба рӯ гардидааст.

"Ёдгорӣ"

"Ёдгорӣ" таронаи таъсирбахшест, ки ба хотираи шодравон Дамирбек Олимов бахшида шудааст. Ин сурудро Нигина Амонқулова ва Мубориз Усмонов бо эҳсоси амиқи дӯстӣ ва арҷгузорӣ нисбат ба рафиқашон сароидаанд. Таронаи "Ёдгорӣ" соли 2022 эҷод гардида, мазмуни он пур аз дарду ҳасрат ва ёдбуди лаҳзаҳои нек бо ҳунарманди маҳбуб мебошад. Дар ин суруд хотираи неки Дамирбек Олимов бо лаҳни самимӣ васф мешавад. "Ёдгорӣ" на танҳо як суруд, балки рамзи пос доштани хотираи як ҳунарманди дӯстдошта мебошад.

"Дар оғӯши манӣ"

"Дар оғӯши манӣ" аз таронаҳои дилнишину ошиқонаи солҳои охир ба ҳисоб меравад. Ин дуэтро Нигина Амонқулова ва Аброр Назаров сурудаанд. Мавзуи асосии тарона ишқу муҳаббат буда, эҳсосоти самимӣ ва лаҳзаҳои нозуки муносибати ду дилдодаро ба таври зебо инъикос мекунад. Ин суруд соли 2022 омода гардида, ҳамон сол дар шабакаи “Ютуб” пешкаши мухлисон шудааст.

"Шаб ба хайр", "Сафо-сафо"

Соли 2023 Нигина Амонқулова дар ҳамкорӣ бо Мадина Ақназарова таронаи "Шаб ба хайр"-ро (бозхонӣ) ва ба мухлисон пешниҳод намуданд. Соли 2024 ин ду сароянда боз як дуэти дигар бо номи "Сафо-сафо"-ро пешкаши дӯстдорони савту наво намуданд. Ин тарона низ аз ҷониби мухлисон гарм истиқбол ёфт.

"Офтобо"

Нигина Амонқулова дар ҳамкорӣ бо сарояндаи маъруфи ӯзбек, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков таронаи "Офтобо"-ро суруданд. Шеъри ин тарона аз ашъори шоири бузурги форсу тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Ин дуэт бори аввал дар ҷашни Наврӯз соли 2025 дар ҳузури роҳбарони се кишвар - Тоҷикистон ва Ӯзбекистону Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд иҷро гардид. Ҳамкории ин ду сарояндаи шинохта намунаи зебои пайванди фарҳангии миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Қобили зикр аст, ки Нигина Амонқулова дорои унвони Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон буда, бо забони ӯзбекӣ низ суруд мехонад.

Таронаҳои якҷоя бо сарояндагони маъруф

Нигина Амонқулова дар эҷодиёти худ ҳамеша ба сурудҳои ватандӯстона ва таронаҳои дорои мазмуни баланди миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Ӯ дар ҳамкорӣ бо ансамбли “Дарё” ва дигар сарояндагони маъруфу маҳбуби тоҷик як қатор таронаҳои ҷолибу дилнишин хондааст, ки дар онҳо эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба таври равшан таҷассум ёфтааст. Аз ҷумла, "Кишварам", "Матои меҳр", "Решапайванд", "Ояти худшиносӣ", "Соҳибватан", "Ҳамбастагӣ", "Муштарак" ва боз даҳҳо сурудҳои дигар. Ин силсилаи таронаҳо мавқеи ӯро ҳамчун яке аз сарояндагони фаъол дар тарғиби фарҳанг, ваҳдат ва арзишҳои миллӣ боз ҳам мустаҳкамтар намудаанд.

Дар маҷмуъ эҷодиёти Нигина Амонқулова яке аз равшантарин намунаҳои мусиқии муосири тоҷик ба шумор меравад, ки дар он ҳам сурудҳои ишқӣ ва ҳам таронаҳои ватандӯстона мавқеи муҳим доранд. Ӯ дар тӯли фаъолияти ҳунарии худ бо сарояндагони зиёди маъруф ва маҳбуби тоҷик, инчунин ҳунармандони хориҷӣ дуэтҳо ва ҳамкориҳои эҷодӣ анҷом додааст, ки ҳар кадоми онҳо бо мазмуну оҳанги хос дар хотири мухлисон нақш бастаанд.

Ин буд чанде аз дуэтҳои нигини санъати тоҷик Нигина Амонқулова.

Мо дар роҳи эҷод ба сарояндаи маҳбуб, ки мубаллиғи фарҳангу тамаддуни тоҷик аст, барор мехоҳем.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД