formula
Сабринаи Назрӣ миллионер шуд!
1323

 

Сабринаи Назрӣ яке аз чеҳраҳои машҳури фазои маҷозии кишвар буда, ҳамчун ровӣ ва ҳунарманд дар байни мардум шуҳрат дорад. Сабрина имрӯз яке аз блогерони муваффақи тоҷик маҳсуб меёбад. 

Сабрина ҳамчун маликаи instagram эътироф гаштааст ва байни ҷавонон ҳаводори зиёде дорад. Имрӯз шумораи обуначиҳои Сабринаи Назрӣ ба як миллион расид. 

Сабрина соли 2019 бо Абдулло Шарипов оила барпо намуда, зиндагии хушбахтонае дорад. Ин ҷуфти зебо ва машҳур соҳиби як духтарчаи нозанин бо номи Карашма мебошад, вале ба серкориаш нигоҳ накарда, Сабрина ҳамеша дар фикри мухлисони хеш аст.  

Мо Сабринабонуро ба муносибати ба як миллион расидани ҳаводоронаш сидқан муборакбод гуфта, барояш саломатӣ, бурдборӣ ва пешравиҳоро таманно дорем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД