Arzon march 2024
Сабрулло дар озмуни “Беҳтарин роҳбари созмони хонандагон» ғолиб омад
443


Сабруллои Абдулвоиз, роҳбари созмони хонандагони литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин роҳбари созмони хонандагон» ғолиб омада, сазовори ҷойи аввал гашт.

Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин роҳбари созмони хонандагон» дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он довталабон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Сабруллои Абдулвоиз, роҳбари созмони хонандагони литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо гирифтани 238 хол дар озмуни мазкур сазовори ҷойи якум, Ғоибов Б., роҳбари созмони хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо 212 хол сазовори ҷойи дуюм ва Ашуров Ҷ., роҳбари созмони хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бо гирифтани 181 хол сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.

Ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.


Қобили зикр аст, ки ғолиби ҷойи якум соҳиби ҷоизаи таъсисдодаи кумитаи тадорукоти озмун ва роҳхати иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтарин осоишгоҳ гардид. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД