arzon replenishment
Садақаи Рамазонии Фарзонаи Хуршед
1675


“Чашми душманота кӯр кунад, аз духтараку бачаҳакат осудагӣ бубинӣ...” 

Овози гиряолуди зан баланд шуда, шикоят мекард, ки шавҳарам вафот кардааст, ду фарзанд дорам, ки якеаш синфи 4 аст, дуюмӣ синфи 2 мехонад. Дар иҷора мешинам, духтаракам каллонак аст, фақат орзӯ мекардам, ки як бор шуморо бинам. Аз инҷо мегузаштам, ки духтаратро дида шинохтам ва ба дидорбиниатон омадам.

Ин суҳбати як зани оддӣ бо сарояндаи шинохтаи тоҷик Фарзонаи Хуршед мебошад, ки дирӯз ҳангоми гашту гузорашон дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе, ки дар пахши мустақим қарор дошт, сурат гирифт. Ҳини суҳбати онлайнӣ бо обнуачиҳои саҳифааш Фарзона ба як зани тоҷик хайр мекунад. Дар видео дида мешавад, ки чи тавр Фарзонаи Хуршед аз дохили мошин духтараш Закияро садо мекунад, ки яхмоси хурдтар бихарад, то ки бемор нашавад. Зане духтарчаи ӯро шинохта, дуогӯён ба мошин наздик мешавад:
“ Худо садсолат кунад, Фарзонаҷон! Аҳ Худо хорат накунад...”

Фарзона ба сӯи садо нигоҳ мекунаду барои ин суханҳояш изҳори сипос карда, аз сумкаш як миқдор пул, ки дида намешавад, бароварда ба зан дароз мекунад ва таъкид мекунад, ки дигар касеро фарёд накунад.

Баъд аз ин зан боз дуо доданро идома дода, мегӯяд, ки чашми душманота Худо кӯр кунад, аз духтараку бачаҳакат осудагӣ бубинӣ. Овози гиряолуди зан баланд шуда, аз зиндагии сахташ ба Фарзона шикоят мекунад:
“Шавҳарам вафот кардааст, ду фарзанд дорам, ки якеаш синфи 4 аст, дуюмӣ синфи 2 мехонад. Дар иҷора мешинам. Духтаракам каллонак шудааст. Фақат орзӯ мекардам, ки як бор шуморо бубинам. Аз ин ҷо мегузаштам, ки духтаратро дида шинохтам ва ба дидорбиниатон омадам...”

Баъд аз ин шикоятҳои зан Фарзона мегӯяд, ки гиря накунед, Худованд ба шумо дод ва моро сабаб кард. Дилам зиқ шуд. Ба хотири оромии дили мухлисаш Фарзона мегӯяд, ки биё як дасти муборакатонро қапам ва баъдан мепурсад, ки маблағи моҳонаи иҷораатон чанд аст?

Зан дар ҷавоб мегӯяд, ки ҳар моҳ панҷсад сомонӣ медиҳам, ду моҳ мешавад, ки бо сабаби надоштани малағ иҷорапулиро пардохт накардаам. Дар хонаам орд надорам, ки ба фарзандонам нон пазам. Баъд аз ин сухан Фарзона як миқдор маблағ дода, мегӯяд, ки инро гирифта иҷорапулиатро деҳед ва барои фарзандонатон ягон чизи хӯрданӣ бихаред.

Зан баъд аз ин боз дар ҳаққи Фарзона ва фарзандонаш дуои нек карда, мегиряд. Фарзона хоҳиш мекунад, ки гиря накунад ва ба хотири тасалии дили зан аз мошин поин шуда, ӯро ба оғӯш мегирад.
Мухлисонаш дар шарҳҳо ба ин рафтори Фарзонаи Хуршед аҳсан хонда, барои ин кори хайраш дар ҳаққаш дуо нек кардаанд.

Фарзонаи Хуршед, аз ҷумлаи сарояндаҳои шинохтаи тоҷик буда, дар сабки эстарада таронаҳои ҷаззоб месарояд ва маҳбубияти зиёд дорад. Фарзона фарзанди примадонаи тоҷик Сураё Қосимова ва хоҳари Шабнами Сурайё мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Сарбоз 2023-04-03, 20:50
Добро делается тихо
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Сарбоз 2023-04-03, 20:50
Добро делается тихо
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД