Arzon march 2024
Сағерабача (қисми 3)
1766

Сафар ҳамсарашро сари инсоф хонда мегуфт: “Самад ҳоло кӯдак аст, охир вай бадбинию қасдгириро аз куҷо медонад. Бача аст, бозӣ карда гизадагист-дия”.

Гулзираи шаттоҳ ин суханони шавҳарашро, ки мехост ӯро ором кунад, шунида бештар “девона” мешуд ва қиёматро қоим карда, дод мезад, ки ҳушу ёди ту то ҳол бо ҳамон зани гурсӯхтаат ва сағераи вай банд асту як зарра ҳам парвои ману кӯдаконро надорӣ.

“Қасам мехӯрам, агар ягон рӯз сағераат ба бачаҳои ман зарар расонад, ӯро бо ана ҳамин дастони худам зада мекушам” фиғон мекашид зани ҷаллод.  

Сафар дар байни обу оташ монда, чӣ кор карданашро намедонист, зеро вай аллакай аз ин зани шаттоҳ ду фарзанд дошт ва агар ба хотири Самад Гулзираро талоқ диҳад, ду писараки навзодаш аз меҳри падар бенасиб мегаштанд...

Зани бад-дӯзахи мард

Бо ҳамин минвол аз байн се сол гузашта, Самад панҷсолаю писарчаҳои дугоники Гулзира сесола шуданд. Дар ин миён моиндараш боз ҳомиладор шуда, ин дафъа ду духтари дугоник таваллуд кард ва худро ҳӯҷаини комилҳуқуқи ин хонаву дар эҳсос намуда, дар назди Сафар шарт гузошт:

“Ман дигар тобу тоқати дидани сағераи туро надорам! Салимро бурда, ба ятимхона месупорӣ ё костюматро гирифта, аз хона баромада меравӣ. Ман 4 фарзанд дорам ва ин хонаву дар ба пуррагӣ ҳаққи ману кӯдаконам мешавад. Ба куҷое, ки мехоҳӣ, рафта арзу дод кардан гир....”

Сафар аввал ба хубӣ, баъд бо дашному ҳақорат ва ҳатто бо мушту лагад кӯшиш кард ба ҳамсараш фаҳмонад, ки Самад ҳам фарзанди вай аст ва ба ин хонаву дар ҳақ дорад, аммо муроде ҳосил нашуд.

Гулзира мисли барзагови якрав ду пояшро тиррак карда, ба мақсади худ расидан мехост. Рӯзе набуд, ки аз рӯйи Самад дар ин хона байни зану шавҳар ҷангу ҷанҷол нашавад...

Маслиҳати пирони деҳа

Сафар хеле фикр карда ба хулосае омад, ки аз Гулзира ҷудо мешавад. “Ҳамин хонаву дар сарашро хӯрад! Хонаро ба ин зани шаттоҳ медиҳам ва писаракамро гирифта, баромада меравам.

Шукри Худо ҷойи кор дорам, ягон хобгоҳ ё хонаи иҷора гирифта, писарамро худам калон мекунам. Зангириаш ҳамин бошад, дигар аз баҳри зан гузаштам” мегуфт худ ба худ Сафар, вале...

Пирони деҳа аз моҷарои оилавии Сафар огоҳӣ ёфта, ӯро ба масҷиди деҳа даъват намуданд ва аз зисту зиндагиаш пурсон шуданд. Сафар аввал сир бой надод, вале вақте фаҳмид, ки пирони деҳа аз ҳолу аҳволи ӯ ба хубӣ огоҳанд, чашмонаш ҳавзи об шуданд.

“Дигар чора нест, талоқи занамро медиҳам ва писаракамро гиирфта баромада меравам”-оҳи сард кашида гуфт мард гунаҳкорона сар ба зер афканда.

-Сафар, бачам, ту худат бе падар ба воя расидӣ. Тақдир чунин будааст, ки ҳанӯз ту роҳгардон нашуда, раҳматии падарат, ки як ҷавонмарди зебои чорпаҳлу ва паҳлавонпайкар буд, дар зери чархи мошин монда, ҷавонмарг шуд. Бечора модарат бо ранҷу азобҳои зиёд туро калон кард ва роҳати фарзандро нодида рафт.

Нангу номус карда, бо қуввати худат зан гирифтӣ ва чароғи манзили модари зоратро равшан кардӣ, аммо тақдири шумро бин, ки ҳамсарат ҷавонмарг шуда, писарчаат аз модар ятим гашт.

Сарнавишт риштаи тақдиратро бо ин зан пайваст. Писарам, хуб аст, бад аст, ту аз ин занак аллакай 4 фарзанд дорӣ ва ҳақ надорӣ, ки аз рӯйи модарашон шуда, ин чаҳор тифли бегуноҳро ятим гардонӣ.

Аз тақдир роҳи гурез нест, агар гапи моро бигирӣ, писарат Самадро бурда, ба хонаи кӯдакон супор. Давлат ягон кӯдакро хору зор шудан намемонад. Бовар кун, аз зери мушту лагади моиндар мондан дар хонаи кӯдакон ба воя расидан барои писарат сад бор беҳтар аст.

Дар он ҷо ҷиддӣ аз паси хондан шуда, ягон касбу ҳунар меомӯзад ва дар оянда туро соҳибӣ мекунад,-маслиҳат дод бобои Маҷид, ки калонсолтарин марди деҳа буда, касе аз аҳли деҳ ҳаргиз гапашро ду намекард.

Сафар хеле андеша карда, ниҳоят ба хулосае омад, ки дар ҳақиқат бобои Маҷид рост мегӯяд, аз умре дар зери ҷабру зулми моиндар будан, дар парастории давлат ба воя расидан барои писаракаш Самад сад бор беҳтар аст, чунки дар он ҷо хонда, ба қавле “одам мешавад” ва фардо дар зиндагӣ азоб намекашад....

Дар ятимхона

Бо чунин андешаҳо Сафар писаракаш Самадро, ки ҳанӯз шашсола ҳам нашуда буд, ба хонаи кӯдакон бурда супурд. Самад дар ятимхона ба ҷуз меҳри падар дигар аз чизе камбудӣ надошт.

Дар хонаи кӯдакон ба онҳо дар як рӯз се-чор маротиба хӯроки гарм медоданд, сару рӯяшон ҳамеша тозаву озода, либосҳояшон тамиз ва мураббиён нисбати ин ятимчаҳо хеле меҳрубон буданд.

Азбаски бачаи қобил буд, дар як муддати кӯтоҳ Самад бо дигар кӯдакон унс гирифт, мураббиён низ ин писарчаи ҷингиламӯйи дӯстрӯякро хеле дӯст медоштанд ва ҳамеша нисбаташ меҳрубонӣ зоҳир намуда, кӯшиш мекарданд бемодариашро эҳсос накунад....

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД