sebiston july new
Сағерабача (қисми 4)
1684

Давомаш ... Қисмҳои аввалашро дар ин ҷо хонед.

Солҳо турнасон мегузаштанд. Дар ин миён Самадро аз хонаи кӯдакон ба мактаб-интернат гузарониданд. Вай бачаи аълохон, рафтораш намунавӣ ва расмаш ҳамеша дар тахтаи фаврӣ овезон буд.

Сафар барои аёдати писараш тез-тез ба мактаб интернат омада, аз мураббиён ва омӯзгорон ҳамеша суханони хуб мешунид. Устодонаш Самадро ҳамеша таърифу тавсиф карда, ба падараш раҳмат мегуфтанд.

Сафар бо писараш ифтихор карда, дар дил худашро маломат менамуд, ки ба хотири як зани беандеша ва морзабон шуда, фарзандашро ба ҷудоӣ аз худ маҳкум намудааст, аммо тақдирро тадбир набуд.

Як бор ҳангоми таътили тобистона ӯ писарашро ба хона бурд, то ки муддате ҳамроҳи бародару хоҳаронаш зиндагӣ карда, ба ҳамдигар руҳан наздик шаванд, вале моиндар ба Самад рӯйи хуш надода, айшашро талх кард.

Гулзира бо ҳар баҳона Самадро сарзаниш карда, киноя мезад ва чунон гапҳои талхе мегуфт, ки мисли ханҷар аз ҷавшани ҷони кас мегузаштанд. Бародарону хоҳарони ӯгаяш низ Самадро чашми дидан надоштанд ва ба хурдсолиашон нигоҳ накарда, мисли модарашон мудом неш зада меистоданд.

Бечора бача базӯр як ҳафта ба заҳри забони Гулзираи шаттоҳ ва бачаҳояш тоқат намуда, баъд аз падараш хоҳиш кард, ки ӯро ба интернет бурда монад.

Пас аз ин вай пою қадамашро аз ин хона кард. Минбаъд ҳар гоҳ, ки падараш ӯро ба хона бурданӣ шавад, Самад бо ягона баҳона хоҳиши ӯро рад карда, таъкид менамуд, ки дар куҷое набошад, меҳри падар ҳаргиз аз дилаш берун намешавад. Азбаски Сафар феълу хӯйи бади занашро хуб медонист, писарашро барои ба хона рафтан маҷбур намекард...

Марги падар

Самад нав ба синфи 10 гузашта буд, ки падараш ба сактаи дил гирифтор гашта, аз олам чашм пӯшид. Хабари марги падарашро ба вай ҳамдеҳагонашон расониданд.

Вақте ки Самад гирёну нолон ба деҳа расид, аҳли деҳа тобути падари ормониашро аллакай сӯйи қабристон мебурданд. Ӯ бо чашмони пуроб ба анбӯҳи ҷанозахонон ҳамроҳ шуда, аз паси тобути падараш ҷониби оромгоҳи деҳа роҳ пеш гирифт.

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД

ЛАХШ: РӮЗГОРИ САРВАРУ ОМӮЗГОР ВА ХОНАНДАГОНИ ЯК МАКТАБ

Мардум дар бораи падари раҳматиаш суханони неки бисёре гуфтанд ва даст ба дуо бардошта, дар ҳаққи руҳу арвоҳи ин марди меҳрубон ва покмазҳар фотиҳа хонданд.

Гӯри Сафари ормониро дар паҳлуи қабри зани якумаш Азизаи ғуррамарг канданд. Ба маънкуниҳои аҳли деҳа, ки “ин бачаҳо хеле ҷавон аст, мабодо дилаш ваҳм карда, бемор нашавад” мегуфтанд, нигоҳ накарда, Самад ба даруни гӯр даромад ва бо дастони худаш падарашро ба хос супорид.

Вақти ба хок мондани падари дар дунё рӯзу рӯшноӣ нодидааш оби дидагони ин бачаи берӯзӣ рӯяшро шуста, хун гиря мекард, вале тақдири бераҳмро тадбире набуд...

Бегонадил

Гулзира вақте фаҳмид, ки шавҳарашро дар паҳлӯи зани якумаш ба хок супурдаанд, аз рашк “девона” шуда, беш аз пеш Самадро бад дид. Ин зани бадрашк ҳатто дар рӯзи ҷаноза писари шавҳарашро ба хона роҳ надод.

Бародарону хоҳарони ӯгаяш низ бо Самад бегонадил буданд ва чунон вонамуд мекарданд, ки гӯё Самадро аслан намешиносанд. Бачаи бечора дар пеши дарвоза қариб ду соат рост истода бошад ҳам, касе ӯро мурооти ба хона даромадан накард. Самад ночор дар пушти дарвоза ба арвоҳи падараш фотиҳа хонда, ба интернат баргашт...

Моиндари бадтолаш Самадро ба маъракаҳои мотамии падараш хабар накард. Вай рӯзҳои истироҳат ба деҳа меомад ва рост ба қабристон рафта, гӯри падару модарашро ба оғӯш гирифта, соатҳо мегиристу дилашро холӣ мекард. Баъд ба рӯҳи арвоҳашон дуову фотиҳа хонда, боз ба интернат бармегашт.

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД