arzon replenishment
Сафир: Зӯроварӣ ба занҳо камоли беақлист!
1313

Задан ё хушунатро раво дидан дар оила нисбати бонувон ба ақли солим дуруст намеояд. Ҳаққи маънавии занон дар кишвари мо ҳифз карда мешавад. Қонуни кишвари мо пеш аз ҳама ҳаққи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи волидон, зан, мард ва фарзандонро дар асоси шариати исломӣ риоя ва ҳифз мекунад.


Ин нуқтаро Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон, Сафири тозатаини фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таи як вохӯрӣ бо рӯзноманигорон қайд намуд. Дар баробари ин, чанд мавзуи дигари муҳим аз ҷумла масъалаи аз ҷониби Шоҳигарӣ ҳифз шудани ҳуқуқи занону кӯдакон ҳангоми ҷудошавӣ аз шавҳар баррасӣ гардид.
Сафир қайд кард, ки талоқу ҷудошавӣ дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ каму зиёд мешавад ва ин як раванди табиӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳолатҳои сар задани ҷудошавии оилаҳо ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои марбути он ҳуқуқи зану фарзандонро ба назар гирифта, ҳаққи онҳо баробар тақсим карда мешавад.
Сафир ҳамчунин дар ин нишаст вобаста ба тарҳи нави лоиҳаи “NEOM” - шаҳри оянда, ки дар нуҳ бахш- ояндаи ВАО ва иттилоот, фароғат ва зиндагӣ, озуқа, илмҳои техникӣ ва рақамӣ, энергетика ва об, нақлиёт ва ғайраҳо равона мегардад, суханрон намуд.
Лоиҳа Арабистонро бо се қитъаи Осиё, Аврупо ва Африқо пайванд месозад ва 70 фисади аҳолии ҷаҳон дар муддати 8 соат имкони ба “NEOM” омада расиданро хоҳанд дошт.

سعادة السفير: العنف على النساء كمال الجهالة!
إن جواز الضرب أو الخشونة في العائلة على النساء لا يقبله العقل السليم وأن حقوق المرأة المعنوية مصانة في بلدنا وأن القانون في بلدنا قبل كل شيء يرعى ويصون حقوق الإنسان ومن جملته حقوق الأبوين والمرأة والرجل والأولاد على أساس الشريعة الإسلامية.
قال ذلك سفير المملكة العربية السعودية المعين حديثاً لدى جمهورية طاجيكستان في لقاء له مع الصحفيين. وإلى جانب ذلك فقد تناول الحديث عدداً من الموضوعات ، منها حفظ المملكة لحقوق النساء والأطفال عند الانفصال الزوجي.
وذكر سعادة السفير أن عدد الطلاق في المملكة العربية السعودية يزداد ويقل وهذا أمر طبيعي، وفي حال حدوث طلاق تأخذ حكومة البلاد وسلطاتها ذات الصلة حقوق المرأة والأولاد بنظر الاعتبار فتقوم بتقسيم حصصهم بالتساوي (بالعدل).
وكذلك تحدث سعادته في تلك الجلسة حول مشروع "نيوم" الجديد – مدينة المستقبل – والذي يهدف إلى تسعة قطاعات وهي الإعلام والإنتاج الإعلامي، والترفيه، والغذاء، العلوم التقنية والرقمية، والطاقة والمياه، والتنقل وإلخ. ومع ذلك فإنه يربط المملكة العربية السعودية مع القارات الثلاث الأسيوية والأوروبية والإفريقية، حيث أن 70 بالمئة من سكان العالم يمكنهم الوصول إلى نيوم في مدة 8 ساعات.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД