sebiston july new
Сафири нави ИМА нақшаҳояшро гуфт
419

Имрӯз дар меҳмонхонаи "Hayat Regency"-и шаҳри Душанбе нишасти матбуотии Сафири навтаъини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микаллер бо намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.

Ҷаноби Сафир дар оғози суханрониаш зикр кард, ки нақша дорад давоми фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ҳадафҳои зеринро амалӣ намояд: тавсеаи имкониятҳои иқтисодӣ, рушд ва пайвастшавӣ; таҳкими соҳибихтиёрӣ ва амнияти сарҳад ва мусоидат ба рушди институтҳои масъулиятноктару муассири идоракунӣ.

Мавсуф таъкид кард, ки рӯзҳои наздик ба 8 маркази амрикоие, ки дар шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, рафта, бо фаъолияти онҳо шинос мешавад ва бо ҷавонони фаъолу пешсафи кишвар суҳбатҳо мегузаронад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД