Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо пахши як изҳорот гуфтааст, ки бақайдгирӣ барои ширкат дар қуръакашии корти сабз ё Green Card то ҳол оғоз нашудааст.
Бо ишора ба ин, сафорат аз сокинони Тоҷикистон хостааст, аз миёнаравҳое, ки иддао доранд гӯё сабтином дар Green Card шуруъ шудааст, эҳтиёт бошанд.
Ба гуфтаи манбаъ, маълумот дар бораи оғози барномаи “DV2027” (Green Card) ба наздикӣ дар сомонаҳои расмии ҳукумати Амрико эълон мегардад.
Солҳои гузашта одатан сабтином дар қуръакашии корти сабзи Амрико моҳи октябр оғоз мешуд, аммо имсол он ба таъхир афтод.