formula
Саидқул Билолов: Нигина Рауфова маро гирёнд
2403

 

Солҳои 1990 буд. Ҷанги хонумонсӯз ба охир расида бошад ҳам, ҳанӯз ҳар замон аз гӯшаю канорҳои гуногуни Ватани дар хун оғӯштаамон садои даҳшатангези тиру туфанг ба гӯш мерасид.

Ҳамарӯза ҷасади даҳҳо шаҳидони гулгункафанро аз майдонҳои набард меоварданд ва нолаҳои зори модарони ҷигарсӯхта синаи фалакро медарид. Сарвари давлат барои ба Ватан бар гардонидани гурезаҳо ҷони худро дар хатар монда ба Афғонистон сафар кард, то ғарибонро дубора ба марзу буми аҷдодӣ биёрад. Ана дар ҳамон замонаи бисёр ҳассос ман бори аввал муъҷизаи суруди Саидқул Билоловро дида будам. Он солҳо донишҷӯ будам ва ҳамзамон дар шуъбаи мусиқии телевизион ба сифати муҳаррир кор мекардам. Рӯзе моро бо телевизиони сайёр (ПТС) барои сабти барномаи идона ба ифтихори солгарди Ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон ба Кохи Борбад фиристоданд. Барномаи консертии тантанавӣ сар шуд. Ҳунармандон яке пайи дигар ба саҳна баромада суруд мехонданд, вале аз чеҳраи нишастагон аён буд, ки ба дили аҳли толор на мусиқӣ мефорад, на таронаву рақс. Барнома қариб ба охир расида буд, ки Саидқул Билолов ба саҳна баромад. Оҳанги тарона ва садои ҳофиз он қадар пуртаъсир буд, ки дили касро аз сина меканд. Вақте ки Саидқул Билолов мисраҳои зеринро мехонд, селоби ашк рухсораҳои тамоми тамошобинони дар толор нишастаро тар кард.

Пардаҳои нағмаҳоямро бикан,

Бар барои бекафанҳоям кафан.

Эй ғарибони Ватан овардаам,

Пораеро аз Ватан дар ҳар сухан

Дар зал ягон тамошобине намонд, ки оби дидагонаш ба рухсораҳояш ҷорӣ нагашта бошад. Ашки чашмони ман ҳам, ки дар даруни мошини студияи сайёр нишаста, рафти барномаро ҳамчун муҳаррир тамошо мекардам, ҷорӣ гашт. Вақте дидам, ки тамоми толор ба эҳтироми ҳофиз аз ҷояшон бархоста бо Саидқул Билол ҳамовоз гаштанд, аз коргардони маъруф Неъмат Халилов, ки режиссёри барнома буд, хоҳиш кардам, ки сарояндаро не, бештар аҳли толорро ба навор бигирад, то таъсири таронаро ба тамошобин намоиш дода, дар дили ғарибон тухми меҳри Ватанро бикорем. «Зачем мне толпа?!» эътироз намуд Неъмат-ака, ки вақти сабт бештар бо забони русӣ ҳарф мезад. Намедонам чӣ тавр аз ҷоям бархоста коргардонро ба сӯе тела додам ва бо чашмони селоби ашк дар сари пульт истода ба наворбардорон амр кардам: «Толорро ба навор бигиред, толорро! Шоҳасари барномаи имрӯза ҳамин суруд аст! Мо бояд ин таронаро барои ба Ватан бар гардонидани ғарибон истифода барем!»

Акнун аз чаҳор камераи дар зал буда, сетоашон тамошобинонро намоиш медоданду як камера сарояндаро ба навор мегирифт ва мо медидем, ки чӣ тавр тамоми толор ҳамроҳи Саидқул Билолов месарояд:

Тоҷикистон, Тоҷикистон,

Тоҷикистон ҷону ҷонон,

Тоҷикистон беҳтар аз ҷон,

Беҳтар аз ҷонону ҷонон…

Суруд ба охир расид ва мавҷи кафкӯбии бардавоми тамошобинон толорро ба ларза даровард.

Гумон доштам, ки Неъмат-ака барои чунин густохӣ маро сарзаниш мекунад, вале коргардон баръакс ба китфам тап-тап зада гуфт:

«Я думал ты на журналиста учишься, оказывается и в режессуре хорошо разбираешся. Молодец!»

Аз он айём беш аз 20 сол гузашта бошад ҳам, ҳар гоҳ Саидқул Билоловро бубинам, ҳамон лаҳзаҳо дар ангораҳои хаёлам дубора зинда мешаванд ва беихтиёр дар чашмонам ашк ҳалқа мезананд.

Аз муҳовара

-Устод, чунин лаҳзаҳои ҳассос дар ҳаёти эҷодии шумо хеле зиёд рӯй додагистанд…?

-Бале, буданд. Солҳои Шӯравӣ ман шеъри «Бачамой»-и Саидҷон Ҳакимзодаро ба оҳанг даровардаму онро ҳофизаи нотакрор Нигинабону Рауфова иҷро карданд. Муҳаррири ҳамонвақтаи шуъбаи мусиқӣ Исматулло Раҳимов эрод гирифта гуфтааст: «Ҳамин ҳам суруд шуд, ки шумо хонед?!» Апаи Нигина аз ин руҳафтода шуданд. Аз байн чанд вақт гузашту моро ба ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) даъват намуданд. Ҳунармандони Хонаи маданияти ноҳия намоишномаеро тайёр карда буданд, ки дар мавзӯи ҷанг буд. Ҳунарманди маҳбуб Қодир Раҳимов, ки бо лақаби «Қодир-ҷӯгӣ» машҳур аст, дар он намоишнома нақши хаткашонро бозӣ мекард. Баробари ба саҳна баромадани хаткашон, ки дар китфаш халтаю дар дасташ «хати сиёҳ» дошт, садои апаи Нигина баланд шуд:

Як ҷавони нозанин аз ҷанги Гирмон бар нагашт,

Як ҷаҳони орзую ишқу армон бар нагашт,

Чӯҷаи гунҷишк не, фарзанди инсон бар нагашт,

То ҳанӯз ояд ба гӯши ман суруди бачамой, бачамой, бачамой…

Бо садо додани ин суруд аз чашмони ҳама ашк ҷорӣ шуд. Аз ҷумла худи ман ҳам гиристам.

-Сирри ин қадар пуртаъсир баромадани таронаҳоятон дар чист?

-Дар сухани воло. Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки шеъри баланд, яъне сухани пурмазмунро интихоб намоям. Суруд ҳамон вақт ба шунаванда таъсир мекунад, ки дарди дили мардумро инъикос намояд. Суруде, ки ба дили халқ наздик аст, куҳнашавӣ надорад, аз насл ба насл гузашта ҷовидон мемонад.

-Шумо аз зумраи он ҳунармандони ангуштшуморе ҳастед, ки эҷодиётатон бештар ба васфи Ватан бахшида шудааст, ҳатто аз сурудҳои ошиқонаатон бӯйи Ватан ба машом мерасад. Ин тақозои вазифа аст ё аз ягон сарчашмаи дигар маншаъ мегирад?

-Сарчашма албатта меҳри бепоёни Ватан аст, ки дар дили ман ҳамчун як фарди Ватандор ҷӯш мезанад. Ман аз тоҷик буданам, аз фарзанди Тоҷикистон буданам ифтихор дорам.

-Сурудҳои Шумо ҳазорон-ҳазор мухлисони савту наворо ба ваҷд меоранд. Шудааст, ки худи шуморо эҷоди касе ба ваҷд оварда бошад?

-Бале, соли 2010 «Найнома»-и шоири тавонои тоҷик, устод Бозор Собир дар қироати муаллиф аз радиои «Озодӣ» садо дод. «Найнома»-ро гӯш карда аз суханони нобаш лол гаштам. Бозор Собир бо дарду фиғони дил мехонд:

Бигзор маро на шашмақом мӯя кунад,

На шоири ғамкашида марсия кунад.

Ку тӯтаки кӯдакӣ, ки дар мотами ман,

Бо гиряи кӯдакии ман гиря кунад.

Ин най, ки буғум-буғум чу ангушти ман аст,

Ангушти буридае, ки дар мушти ман аст,

Бо нолаи най чаро нанолам ба фиғон,

К-ин хонаи ман ҳамеша дар пушти ман аст.

Пештар ман «Дилнома»-ро аз эҷодиёти устод Лоҳутӣ ба оҳанг дароварда будам, ки ду байташ чунин аст:

Дили ман аз фиғони ман рамидаст,

Зи дашти синаам берун давидаст.

Ғарибам, нотавонам, тоқатам нест,

Бародарҳо, дили манро кӣ дидаст?

Лоҳутӣ дар «Дилнома» бо дилаш ҷанг мекард, аз «Найнома»-и Бозор Собир бошад, бӯйи деҳа, бӯйи зодгоҳ, бӯйи бачагиҳои ҳар кадоми мо ба машом мерасид. Ба қудрати сухани Бозор Собир қоил шуда «Найнома»-ро ба оҳанг даровардам. Ин суруд ҳаводорони зиёд пайдо кард.

-Худи устод Бозор Собир ба ин тарона чӣ гуна баҳо доданд?

-Аввал «Дилнома»-и Лоҳутиро гӯш карда гуфтанд: «Дилнома»-ро ман чандин бор хонда будам, вале имрӯз ин сурудро шунида гумон кардам, ки ин мисраҳои пурдардро бори аввал мешунавам. Бори дигар ба қудрати сухани Лоҳутӣ қоил шудам!” Баҳои баланди устод ба ман ҷуръат бахшиду дар бораи ба оҳанг даровардани «Найнома» гуфтам. «Найнома»-ро гӯш карда устод бо овози баланд гиря карданд ва бо чашмони пур аз ашк ҳамроҳи ман замзама намуда, дар охир гуфтанд: «Дарди маро тую Нигана хуб мефаҳмед!”

-Ташаккур барои чунни суҳбати ошкоро ва ҷолиб!

Фирӯза Сатторӣ

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД