Маҳсулоти лозима:
100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.
Барои хамир:
2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир.
Тарзи таҳия:
Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза намуда, дар равған то заррин шудан бирён кунед. Сипас, онро ба картошкаи кӯфта илова намоед. Ба омехта кабудии майдакардашуда ва панири тарошидаро андохта, хуб омезиш диҳед. Орд, тухм, кефир ва намакро омехта карда, хамири мулоим шӯред. Хамирро ба пораҳои хурд ҷудо намуда, ҳар як пораи онро бо тирак тунук кунед. Ба мобайни хамир каме аз картошка гузошта, канорҳояшро маҳкам намоед. Баъдан самбӯсаро аз ду тараф каме пахш кунед, то шакли кулчаро гирад. Самбӯсаҳои омодашударо дар тоба бирён кунед.